МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба тавсияи олимони соҳаи тандурустӣ, инсон давоми як сол бояд 7,5 ё 8 килограмм аз меваи қулфинай истеъмол намояд. Зеро меваи қулфинай мубодилаи моддаҳоро ба танзим медарорад, фаромӯшхотириро кам карда, таркиби хунро беҳтар мегардонад.
Ҳамчунин моддаҳои фаъоли қулфинай кори дилро муътадил гардонида, рагҳои хунгардро васеъ ва дараҷаи фаъолияти организмро зиёд мегардонанд. Меваи қулфинай ташнагиро мешиканад, иштиҳоовар буда, ҳазмшавии хӯрокро беҳтар мегардонад. Аз ҳисоби дар таркибаш доштани миқдори зиёди витамини С қулфинай назар ба меваҳои ситрусӣ бартарӣ дорад. Он хосияти зидди газакгирӣ ва зиддимикробӣ дорад. Дар ҳолати бемор будани меъда онро ҳамчун доруворӣ истифода мебаранд.
Тибқи таҳқиқоти мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли қулфинай раванди пиршавии майнаро суст ва умри функсионалии онро дароз мекунад. Ин имкон медиҳад, ки зеҳн ва хотираи қавӣ барои муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Таҳқиқоти дигаре собит намудааст, ки ҳар рӯз қулфинай хӯрдан хотираи заиф шударо аз нав барқарор месозад. Фаромӯш насозед, ки зуд фаромӯш кардани воқеаҳо нишонаи саршавии бемории Алсгеймер мебошад. Қулфинай дар баробари қавӣ сохтани хотира барои биноии чашм низ муфид аст.
Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли ҳамарӯзаи қулфинай бемориҳои ретиналӣ, катаракта, чашмҳои хушк, нобиноӣ ва дигар мушкилоти узви босираро пешгирӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки ранги мева ҳар қадаре, ки сурхтар бошад, аз антиоксидантҳо бойтар аст. Он иммунитетро мустаҳкам мекунад Кислотаи эллагӣ танзимгари ҳуҷайра мебошад, ки бештар дар таркиби меваҳо, чормағз ва буттамеваҳо мавҷуд аст.
Як каф қулфинай нисбат ба афлесун витамини С-и зиёдтар дорад. Бояд дар назар дошт, ки қулфинайи дар зери нурҳои Офтоб парваришшуда нисбат ба гармхонавӣ аҳамияти бештар дорад.
Қулфинай ҳамчунин хатари пайдоиш ва инкишофи бисёр бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад.
Дар баробари ин ҳама хусусияти хуби табобатиаш қулфинай як ҷиҳати манфӣ низ дорад. Ин буттамеваи болаззат аллергени қавӣ буда, дар баъзе одамон боиси сар задани аллергия мегардад. Шахсоне, ки аллергия, экзема ё астма доранд, бояд дар хӯрдани он эҳтиёт бошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






