Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 18 апрел, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он дар баробари варзишгарони тоҷик варзишгарони дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон низ иштирок менамоянд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе.
Ниммарафони XVI байналмилалӣ, ки масофаи 21,1 километрро дар бар мегирад, аз шоҳроҳи назди «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе шуруъ шуда, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то терминали Чорбоғ ва бозгашт ба макони оғози чорабинӣ ба поён мерасад.
Варзишгароне, ки байни мардон ва занон ҷойҳои аз якум то шашумро ишғол мекунанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил карда шудааст. Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






