«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад

Апрель 16, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 апрел то 2 май дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фестивал ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии устоди рақс, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ғаффор Валаматзода доир мешавад.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи барномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ доир мегардад. Дар назар аст, ки дар доираи ин ҷашнвора оид ба фаъолияти эҷодии Ғаффор Валаматзода конфронси илмӣ доир карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки фестивал 30 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ифтитоҳ мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 16, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст