РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тошканд брифинг оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон брифинг доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Исматулло Насредин оид ба чорабинӣ ва омодагиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии конфронс маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин Исматулло Насредин доир ба баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, таъсиси гӯшаи намоишгоҳи байналмилалӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳошияи конфронс сухан гуфт.
Дар брифинг зиёда аз 30 намоянда, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Узбекистон, сафирони кишварҳои хориҷии муқими кишвари иқомат, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






