САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушди он ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд

Апрель 4, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз бахшҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 ба масъалаи тақвият бахшидани сармояи инсонӣ нигаронида шуда буд. Зеро рушди сармояи инсонӣ ба баланд гардидани маҳсулнокии меҳнат, беҳтар шудани сифат ва навоварии маҳсулот, коҳиш ёфтани хароҷоти истеҳсолот ва дар маҷмуъ ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

-Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ сармояи инсонӣ аз ҷониби бисёр олимон ҳамчун манбаи асосӣ барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ баромад мекунад. Таҳлили назарҳои гуногуни олимон, сиёсатмадорон, роҳбарони давлатҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ нисбат ба сармояи инсонӣ ва мафҳуми он нишон медиҳад, ки он ба манбаи муҳимми иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, сарвати миллӣ барои кишварҳои рушдёфта ва омили баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои тиҷоратӣ табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит ва рақобати афзояндаи иқтисодию сиёсӣ масъалаи таъмини рақобатпазирии миллӣ ба яке аз вазифаҳои калидии давлатҳо табдил ёфтааст. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки омили асосии рушди устувор ва рақобатпазирӣ на танҳо захираҳои табиӣ, балки сатҳи рушди сармояи инсонӣ, илм ва маориф мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, «рушд ва истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ яке аз масъалаҳои дорои аҳаммияти аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар ҷаҳони муосир рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои ҳаётан муҳимми иҷтимоии ҷомеаи мамлакат, хусусан илму маориф, инноватсия ва тандурустӣ, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад».

Баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон, ташаккули насли нав, ки дорои дониши амиқ буда, дар руҳияи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия ёфтааст, ба қатори вазифаҳои авлавиятноке мансубанд, ки мустақиман бо ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд. Дар марҳалаи кунунии ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ин вазифаҳо аҳаммияти хосса пайдо мекунанд, зеро маҳз сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидии рушди устувор ва рақобатпазирии миллӣ баромад мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки роҳбарони давлатҳои пешрафта сармояи инсониро ҳамчун омили калидии рушди иқтисодӣ эътироф намудаанд. 2 апрели соли 2009 дар шаҳри Лондон зимни саммити «Бистгонаи бузург» нақшаи амалиёт оид ба баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ таҳия гардид, ки дар банди 26-и он чунин омадааст:

«Мо тавассути ҳавасмандгардонии рушд, татбиқи сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва омодасозии касбӣ, инчунин пешбурди сиёсати фаъоли бозори меҳнат бо тамаркуз ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ ба дастгирии шуғл мусоидат хоҳем кард».

Имрӯз саволи асосӣ он аст, ки оё мо метавонем сари вақт аҳаммияти сармояи инсониро дар таркиби сарвати миллӣ дарк намуда, чунин самти стратегие интихоб намоем, ки бар пояи он тавонем давлатро то анҷоми бозсозии сохтории иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳилаи навсозӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ ворид созем.

Марҳилаи нави рушди иқтисоди Тоҷикистон бештар бо рушд ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ алоқаманд аст. Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” рушди сармояи инсонӣ омили асосии рушди устувор дониста шудааст, ки самаранокии татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Дар ин санад таъкид мегардад, ки бе ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва маориф ноил шудан ба рақобатпазирӣ ғайриимкон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 вобаста ба қабули ин санад таъкид намуда буданд, ки «дар давраи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо мақсади баланд бардоштани ченаки нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ ба пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби тоза, дигар шароити коммуналиву манзилӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад».

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2025 чунин таъкид намуданд: «Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам».

Дар ин замина метавон мавҷудияти иқтидори бузурги тафаккури инноватсионии аҳолӣ ва, аз ҳама муҳим, омодагии он барои ҳамроҳ шудан ба татбиқи мустақими пешниҳодҳои навоваронаро, ки қодиранд сифати зиндагии мардумро баланд бардоранд, таъкид намуд.

Рушди инноватсионӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди муосир баромад мекунад. Асоси гузариш ба чунин модели рушд ва омили ташаккули сифати нави болоравии иқтисодӣ инноватсияҳо маҳсуб шуда, онҳо афзоиши рақобатпазирии иқтисоди миллиро таъмин менамоянд. Унсури калидии раванди рушди истеҳсолоти инноватсионӣ шахсияти эҷодкор ба ҳисоб меравад, дар ҳоле ки сармояи инсонӣ ба манбаи асосии истеҳсолоти инноватсионӣ дар заминаи тавлиди донишҳои нав табдил меёбад.

Хусусияти фарқкунандаи истеҳсолоте, ки бар асоси инноватсияҳо ташаккул меёбад, дар он ифода меёбад, ки раванди истеҳсолӣ хусусияти эҷодӣ касб намуда, ба ҷараёни табдили дониш ба маҳсулоти нав мубаддал мегардад.

Рушди сармояи инсонӣ ба баланд гардидани маҳсулнокии меҳнат, беҳтар шудани сифат ва навоварии маҳсулот, коҳиш ёфтани хароҷоти истеҳсолот ва дар маҷмуъ ба афзоиши рақобатпазирии давлат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Барои он ки корманд ба навовар табдил ёбад, ӯ бояд на танҳо таҳсилоти умумии ибтидоӣ, балки дониш ва малакаҳои махсуси касбиро дар соҳаи фаъолияти худ доро бошад. Сармоягузорӣ ба баланд бардоштани сифати маориф ва тайёркунии касбӣ ба ташаккули сармояи инсонӣ мусоидат намуда, метавонад сатҳи маҳсулнокии меҳнатро афзоиш диҳад.

Дар шароити иқтисоди мунтазам тағйирёбанда ва рушдёбанда, кормандон бояд қобилияти мутобиқ шудан ба технологияҳои нав ва талаботи бозорро дошта бошанд. Барномаҳои омӯзиши пайваста ва такмили ихтисос имконият медиҳанд, ки сармояи инсонӣ навсозӣ ва густариш ёфта, рақобатпазирии иқтисод беҳтар гардад.

Хусусият, суръат ва самаранокии равандҳои инноватсионӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод ба таври назаррас ба хусусият ва самаранокии фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи маориф вобаста аст. Танҳо тавассути рушди ҳамаҷонибаи маориф имкон фароҳам меояд, ки ҷомеа муттаҳид шавад ва фазои умумии фарҳангӣ ҳифз гардад, инчунин муваффақ шудан ба бартараф намудани хавфҳои байналмилалӣ ва низоъҳои иҷтимоӣ имконпазир мегардад.

Барои дастгирии ин соҳаи асосӣ ҳамасола аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ин аст, ки ҳамасола беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур ташкил менамояд.

Соли 2026 аз буҷети давлатӣ 14 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025    25,4 фоиз ва нисбат ба соли 2015, яъне давоми даҳсолаи гузашта панҷуним баробар зиёд мебошад.

Ин нишондиҳандаҳо инъикосгари он аст, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи муҳим хеле зиёд буда, барои рушду равнақи соҳаи маориф ҳамаҷониба тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти сершумори эмпирикӣ собит менамоянд, ки афзоиши сармоягузорӣ ба маориф бевосита ба суръат гирифтани рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Таъсири маҷмуии баланд гардидани сифати таҳсилот дар болоравии сатҳи музди меҳнат, афзоиши самаранокии қувваи корӣ ва зиёдшавии ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зоҳир мегардад. Ба ин тартиб, маориф на танҳо  ниҳоди иҷтимоӣ, балки манбаи муҳимми рушди иқтисодӣ маҳсуб мешавад.

Рушди иқтисодӣ, ки дар аксари ҳолатҳо ба болоравии сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад, аксаран бо пешрафти илму техника ҳамбастагӣ дорад, зеро онҳо ҳам ба таври мустақим ва ҳам ғайримустақим нишондиҳандаҳои сифати зиндагии аҳолиро беҳтар менамоянд. Масалан, рушди илм имрӯз имкон фароҳам овардааст, ки масъалаҳое ҳал гарданд, ки дар натиҷаи онҳо давомнокии миёнаи умр афзоиш ёфта, эҳтимоли паҳншавии эпидемияҳо қариб пурра бартараф мегардад ва ҳамчунин бисёр мушкилоте ҳал мешаванд, ки қаблан ҳалли онҳо ғайриимкон ба назар мерасид.

Тавре аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, «аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид». Ин нишондодҳо аз баланд шудани сифати зиндагии аҳолӣ, сатҳи саломатӣ ва дастрасӣ ба шароити сазовор дарак медиҳанд, ки унсурҳои асосии сармояи инсонӣ ба шумор мераванд.

Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои маҳдуди молиявӣ мебошад, тақвияти сармояи инсонӣ ягона роҳи воқеии баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ ба ҳисоб меравад. Президенти мамлакат дар яке аз паёмҳо чунин таъкид намудаанд: «Сармоягузорӣ ба инсон, бахусус ба илму маориф судмандтарин сармоягузорӣ мебошад».

Илм дар ҷомеаи муосир ба қувваи истеҳсолии мустақил табдил ёфтааст. Кишварҳое, ки ба рушди илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсия аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд, дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор касб менамоянд.

Маориф яке аз ниҳодҳои асосии ташаккули сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Сифати таҳсил бевосита ба сатҳи рақобатпазирии давлат таъсир мерасонад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ муайян гардидааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, “соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод”.

Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имконияти транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

Дар ин раванд ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Яке аз шартҳои муҳимми рушди устувор ҳамгироии илм ва маориф мебошад. Ин раванд имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ ба малакаҳои амалӣ табдил ёфта, кадрҳои баландихтисос омода гарданд.

Дараҷаи самаранокии равандҳои истеҳсолӣ аз сифати сармояи инсонӣ вобаста аст. Дар баробари ин, сармояи инсонии баландсифат сармоягузории доимиро ба унсурҳои таркибии он, ба мисли маориф, тандурустӣ ва зудҳаракатӣ талаб мекунад. Асосҳои консептуалии ташаккул ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани муҳити муассири институтсионалӣ барои ҳамкории муносиб байни низомҳои маориф, тандурустӣ ва танзими равандҳои муҳоҷират бо назардошти сифат ва нишондиҳандаҳои миқдори иқтидори инсонии минтақаҳо ва истифодаи оқилонаи иқтидори табиии минтақаҳо мусоидат мекунанд.

Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки сармояи инсонӣ, илм ва маориф пояи асосии рақобатпазирии миллӣ ба ҳисоб мераванд. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин самтро ҳамчун меҳвари сиёсати давлатии мамлакат муайян намудаанд.

Дар маҷмуъ, сармоягузорӣ ба инсон, илм ва маориф кафолати асосии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми рақобати ҷаҳонӣ мебошад.

Илёсҷон ҒАФФОРЗОДА,
муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид
РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд