Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
ТОҶИКОБОД, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ноҳияи Тоҷикобод машварату муоинаи беморон ба таври ройгон гузаронида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Дар саҳни бинои Маркази саломатии ноҳия барои қабул ва суҳбати озоду ошкорои мутахассисон бо шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гардида, дар маҷмуъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти зарурӣ муҳайё гардида буд. Ҳамчунин дар ин рӯз шаҳрвандон аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, барои пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд. Аз ҷумла, 460 нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ва сокинони ноҳияи Лахш аз тарафи мутахассисони Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Тоҷикобод барои муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо дар озмоишгоҳҳо аз ташхисҳои гуногун гузаронида шуда, ба онҳо барои муолиҷа кардан машварат дода шуд.
Сардухтури Маркази саломатии ноҳияи Тоҷикобод Маъруф Саидхоҷаев иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо табибонро водор менамояд, ки дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаро дареғ надоранд ва вазифаи хешро бо шарафмандӣ, садоқату самимият ба ҷо оварда, дар ҳифзи тандурустии аҳолӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






