СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад

Апрель 22, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ сохтмони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии боғ 1,5 гектарро ташкил дода, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 6,2 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Бунёди чунин иншооти фарҳангӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири  истироҳати бофароғати сокинон аҳамияти калон дошта, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар шаҳрак инчунин сохтмони маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз гардид. Биноҳо аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Дар-дар» мутобиқ ба талаботи замон сохта мешаванд. Дар асоси лоиҳа дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, майдончаи бозии кӯдакон ва ҷойи истироҳати калонсолон пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки барои таъмини шароити муносиби зиндагӣ мактабу кӯдакистон низ сохта шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 22, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд