СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бо саҳми сокинон ва соҳибкорони ҳимматбаланд ҷараён дорад, ки он барои 1440 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад.
Муассисаи таълимӣ аз 24 синфхона иборат буда, ҳамчунин дорои китобхона, ошхона ва толори маҷлисгоҳ хоҳад буд.
Бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ меафзояд. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин дар вилояти Суғд идома дорад.
Дар айни замон дар шаҳри Истаравшан 79 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 62 ҳазору 700 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо 3326 омӯзгор бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 21 адад расидааст.
Дар назди ин муассиса бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сутунпояи 35 метр ва майдони варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






