ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 апрел, ҷумъа, 100-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 10, 2026 08:00

10 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд.

***

10 апрели соли 2025  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гардӣ»-ро ба истифода доданд.

***

10 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

***

10 апрели соли 2021 дар шаҳри Гулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

Ду сол қабл, 10 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.

***

10 апрели соли 2024 дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан зимни ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан шинос шуданд.

***

10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар намуданд.

***

Дар ин рӯз, 10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

***

10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфтанд.

***

10 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

10 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.

***

Дар Озарбойҷон- рӯзи сохтмончиён.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯз, 10 апрели соли 1919 дар Самарқанд аввалин шумораи маҷалла бо забони тоҷикӣ «Шуълаи инқилоб» ба нашр расид.

***

10 апрели соли 1930—  оғози радиошунавонӣ дар шаҳри Душанбе.

***

10 апрели соли 2023 ҷудочиёни тоҷик дар Ҷоми Осиё байни наврасону ҷавонон соҳиби 5 медал гардиданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Бозгул Додхудоева — соли 1939 — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Апрель 10, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш