ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 апрел, шанбе, 101-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 11, 2026 08:00

11 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд.

***

11 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро  баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

***

11 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

11 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

***

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 апрели соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак муфассал баррасӣ шуд.

11 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.

РӮЙДОДҲО:

11 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

***

11 апрели соли 2022 Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии киберварзиш дохил гардид.

***

11 апрели соли 2023 дар Душанбе доир ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

***

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯз, 11 апрели соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Узбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

***

Дар ин рӯз, 11 апрели соли 1919 Ташкилоти умумиҷаҳонии меҳнат таъсис дода шуд.

***

11 апрели соли 2011 Тоҷикистон ва САҲА Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамгироӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсияро ба имзо расониданд.

***

Соли 1927 дар Беларус Конститутсия қабул карда шуд.

***

Соли 1832 Дар Русия унвони «Шаҳрвандии фахрии Русия» таъсис ёфт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Махфират Ҳамроқулова-соли 1955— овозхони эстрадаи тоҷик, сарояндаи дастаи эстрадии «Гулшан»,  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш