ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, якшанбе, 102-юмин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
***
12 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
12 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯз, 12 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯрӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯз, 12 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуданд.
***
12 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфтанд.
***
12 апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд.
12 АПРЕЛ:
Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон.
***
Дар Қазоқистон рӯзи кормандони илм.
РӮЙДОДҲО:
12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.
***
12 апрели соли 2023 ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи пленарии 55-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Санкт-Петербург сафар намуд.
***
12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.
***
12 апрели соли 1941 аввалин даҳаи фарҳанги тоҷик дар шаҳри Москва баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1961 кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин аввалин маротиба дар ҷаҳон ба кайҳон парвоз анҷом дод.
***
Соли 1815 дар натиҷаи оташфишонии вулқони Тамбора беш аз 10 ҳазор нафар ҳалок шуданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 апрел, шанбе, 101-умин рӯзи соли 2026 аст






