ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 апрел, душанбе, 103-юмин рӯзи соли 2026 аст
13 апрели соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.
***
13 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуданд.
***
13 апрели соли 2016 дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсоз оид ба мавзуи «Муколамаи миллӣ оид ба захираҳои об дар самти идоракунии захираҳои обии Идоракунии ҳамгирои захираҳои об (ИУВР) дар Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба об» баргузор шуд.
13 АПРЕЛ:
Рӯзи ҷаҳонии рок.
***
Дар Тайланд- Соли нав.
РӮЙДОДҲО:
13 апрели соли 2000 «Хонаи савдои Тоҷикистону Беларус» ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2003 дар Душанбе нишасти Шурои Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал доир гардид.
***
13 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Эвана Фейгенбаума таҳти унвони «Имрӯз ва ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Амрико» конфронс баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1814 дар Донишгоҳи Гиссенс писарбачаи 13-сола Карл Витте унвони номзади илмҳои фалсафиро соҳиб гашт, ки дар илми ҷаҳонӣ ҷавонтарин олим маҳсуб мешуд.
***
Соли 1925 парвози аввалин ҳавопаймои боркаш ба самти Детрой — Чикаго (ИМА) фаъол карда шуд.
***
Соли 1902 дар Петербург озмоиши нахустин троллейбус дар Русия доир гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, якшанбе, 102-юмин рӯзи соли 2026 аст






