ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
7 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд.
***
7 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат доир ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ машварати корӣ доир намуданд.
***
7 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ.
***
Ҷашни модар ва зебоӣ дар Арманистон.
РӮЙДОДҲО:
7 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон, ки дар самти саноати сабук фаъолият мекунанд, доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, ки 20 ассотсиатсияи фаъоли ҷумҳуриро муттаҳид менамояд, таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуданд.
***
7 апрели соли 1948 оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳукми иҷро даромад.
***
Дар ин рӯз, 7 апрели соли 1967 Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон оғоз гардиданд.
***
7 апрели соли 1978 ноҳияи Қабодиён (ҳозира Қубодиён) таъсис ёфтааст.
***
7 апрели соли 2008 дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
***
Соли 1989 духтарчаи литвагӣ Кристина Страгускайте яке аз ҷавонтарин нафаре гашт, ки дар 4- солагӣ дар натиҷаи сӯхтор ҷони ду нафар-хоҳар ва бародарашро наҷот дод.
***
Соли 2006 Иттиҳоди Аврупо домени ягонаи аврупоии дастраси умум- «eu»-ро боз кард.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 апрел, чоршанбе, 98-умин рӯзи соли 2026 аст






