ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 апрел, чоршанбе, 98-умин рӯзи соли 2026 аст
8 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
8 апрели соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатии байнидавлатӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ намуданд.
***
8 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрӣ намуданд.
***
8 апрели соли 2015 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар дод, ки дар ин рӯз бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини аввали Вазири мудофиаи Тоҷикистон Зариф Шарифзода ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.
8 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи иқтисодчиён.
***
Дар Русия- рӯзи аниматсия.
РӮЙДОДҲО:
8 апрели соли 1980 дар Душанбе бори нахуст кинофестивали XIII умумииттиҳодиявӣ баргузор гардид.
***
8 апрели соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.
***
8 апрели соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
***
Соли 1766 дар ИМА ба нахустин нардбони оташнишонӣ патент дода шуд.
***
Соли 1935 дар Иттиҳоди Шуравӣ нисбат ба кӯдакони аз 12- сола боло ҷавобгарии ҷиноӣ амалӣ карда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ато Мирхоҷа — соли 1963 — рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст






