ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ИЛМӢ. Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишнома ба имзо расониданд

Апрель 15, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 14 апрел дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз гардид. Дар доираи ин форуми байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Қазоқистон санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав иттилоъ медиҳад, дар доираи ин форум ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода ва намояндагони Донишгоҳи миллии омӯзгории занонаи Қазоқистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Санади мазкур барои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷриба байни омӯзгорону донишҷӯён, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки имзои ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ мусоидат намояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Апрель 15, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид