ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?

Апрель 16, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти он тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  байни вазорату идораҳои мамлакат дар пойтахт  машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мегарданд. Ҳадафи баргузор намудани чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ баланд бардоштани руҳияи фаъолият, неруи ҷисмонӣ ва таҳкими саломатии аҳолӣ мебошад. Он барои ташаккули ҷомеаи солиму фаъол низ нақши муҳим мегузорад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки 50-52 фоизи саломатии инсон  аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоиз аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо инсон дар як рӯз ҳадди ақалл бояд 30-60 дақиқа фаъолияти ҷисмонии муътадил (масалан, пиёдагардӣ, давидан, шиноварӣ) анҷом диҳад. Инчунин дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа бояд ба варзиш машғул шуд. Дар бештари давлатҳои ҷаҳон машқи пагоҳирӯзӣ одати доимӣ гардидааст. Шумо низ дар хона ба варзиш машғул мешавед? Оё бо фарзандонатон машқи пагоҳирӯзиро анҷом медиҳед?

Варзиш — беҳтарин тадбири нигаҳдории тандурустӣ

Абӯалӣ Ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» гуфтааст, ки «тадбири аввали нигаҳдории тандурустӣ варзиш аст, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб…». Барои саломат умр ба сар бурдан аввал бо варзиш машғул шудан, пас аз он ғизои хуб хӯрдан ва баъдан хоби бофароғат рафтан зарур аст. Ибни Сино варзишро чунин тавсиф кардааст: «Варзиш ҳаракати иродаест, ки ба зарурат боиси сахт ва паи ҳам нафас гирифтан бигардад, ҳар ки муваффақ шавад, то варзишро бо эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷа бениёз хоҳад шуд».

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки варзиш ба бадан саломатӣ мебахшад, намакҳои баданро об мекунад,  мушаку бофтаҳо, банду буғумҳоро мустаҳкам менамояд, рагҳоро васеъ, гардиши хунро бемалол мегардонад, қаду қомат ва сутунмуҳраро росту зебо ва қафаси  синаро калону фарох мекунад.

Бо фарзандон ба варзиш машғул мешавед?

Варзиш барои саломатии инсон хеле муҳим аст. Он на танҳо ҷисмро қавӣ мекунад, балки руҳияро низ беҳтар месозад. Омили ба варзиш машғул нашуданро инсонҳо надоштани вақти холӣ медонанд. Яъне, аксар одамон ба кор, таҳсил ва корҳои рӯзгор машғул шуда, барои варзиш вақт ҷудо намекунанд. Сабаби дигар — надоштани шавқу ҳавас мебошад. Баъзеҳо варзишро муҳим намешуморанд ё одати ба он машғул шуданро надоранд. Пас, чӣ бояд кард, то фарзандон ба варзиш шавқ пайдо кунанд?

Мураббии кӯдакистони №159-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фариза Нуралиева иброз намуд, ки «агар волидон худ ба варзиш машғул шаванд, фарзандон низ онҳоро пайравӣ мекунанд. Кӯдакон бештар аз гуфтору рафтори калонсолон, бахусус волидонашон  меомӯзанд. Дар кӯдакистон оғози рӯз бо машқҳои пагоҳирӯзи оғоз шуда, ба онҳо машқҳои сода ва осон омӯзонида мешавад. Онҳо чун одати доимӣ пеш аз мо бо лафзи ширини худ яку ду гуфта, машқро оғоз мекунанд».

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки кӯдакон барои варзиш  кардан маҷбур насозед. Ба онҳо бозиҳои шавқовар, ба мисли футбол, велосипедронӣ ё давиданро нишон диҳед, то аз он лаззат баранд. Вақте падар ё модар бо кӯдак машқ мекунад, кӯдак худро танҳо ҳис намекунад ва бештар ҳавасманд мешавад. Агар фарзандатон одитарин тамринро иҷро кард, дастгирӣ ва таъриф кунед. Ҳар кӯшиши фарзандро қадр кунед. Таъриф ва руҳбаландкунӣ ба онҳо боварӣ мебахшад. Кӯшиш кунед, ки барои фарзанд шароити машқкунӣ муҳайё намоед. Инчунин ба майдончаи варзишӣ бурдан, таҷҳизоти варзишӣ харидан ё ба гурӯҳҳои варзишӣ сабти ном намуданро фаромӯш насозед.

Варзиш чанд соат бояд давом кунад?

Абӯалӣ Ибни Сино гуфтааст, ки «ҳангоми баҳор созгортарин вақт барои варзиш қариби нимрӯзӣ ва андар ҳавои муътадил варзиш кардан аст, тобистон барвақттар шуруъ кунанд, аммо зимистон мебояд аз рӯйи қиёс бегоҳӣ варзиш карда шавад».

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш, инсон бояд ҳар субҳ ба варзиш машғул шавад. Якбора аз хоб хеста, ба варзиш машғул нашавед. Дар аввал баданро каме омода намоед. Баъд аз шустани дасту рӯ бо либоси сабук ва пеш аз наҳорӣ варзиш намоед. Варзиши пагоҳирӯзӣ  дил ва рагҳои хунро мустаҳкам мекунад, тамаркузро беҳтар мекунад ва ба идора кардани вазн кумак мерасонад. Инчунин фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар бадан метезонад. Дар натиҷа варам ва вазни зиёдатӣ аз байн меравад. Нафароне, ки ба варзиш машғул мебошанд, нисбат ба ҳамсолонашон ҷавонтар ба назар мерасанд.

Машқҳои саҳарӣ барои тамоми бадан фоидаоваранд. Бо афзоиши гардиши хун узвҳо беҳтар кор мекунанд. Фаъолияти ҷисмонӣ системаи дилу раг ва нафасро мустаҳкам мекунад. Он ба тавозуни гормоналӣ таъсири судманд мерасонад. Бо иҷрои машқҳо шумо системаи мушакҳоро мустаҳкам ва ҳаракати муштаракро беҳтар мекунед.

Чӣ тавр метавон машқро ба ҳаёти ҳаррӯза дохил кард?

Бештари инсонҳо вақте ки фарбеҳ мешаванд, варзишро интихоб мекунанд. Бояд гуфт, ки варзиши як ё дуҳафтаина чарби бадани шуморо об намекунад. Агар варзишро пай  дар пай, дар вақту соати муайян ва бо меъёр иҷро намоед, он натиҷаи хуб медиҳад.

Мутахассисон таъкид менамоянд, ки  ба таври доимӣ ба варзиши бадан машғул шудан бактерияҳоро ба воситаи роҳҳои нафаскашӣ берун месозад ва инчунин баданро аз ангезаҳои бегона ҳифз намуда, бо бемориҳо мубориза мебарад. Фаъолияти ҷисмонӣ ба баланд шудани сатҳи дарозумрии одамон мусоидат мекунад. Дар як ҳафта 7 соат машғул шудан ба варзиш 40 фоиз хатари марги бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Он инчунин хавфи баъзе намудҳои бемории саратонро кам мекунад. Таҳқиқот исбот кардаанд, ки варзиш метавонад шамолхӯрии роҳҳои нафаскаширо дар бадани одамони гирифтори бемории диққи нафас паст намояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад