Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, такмили фазои соҳибкорӣ ва рушди низоми ҳукумати электронӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зеҳни сунъиро ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бахши хусусӣ ва тезонидани рушди устувори иқтисодӣ эътироф менамояд. Ин нукта дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бо ҳайати Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар шаҳри Душанбе иброз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкорӣ, хулосаҳои пешакии таҳлилию таҳқиқотии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, инчунин масъалаҳои афзалиятноки рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар бахши хусусии мамлакат баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд натиҷаҳои пешакии таҳқиқоти анҷомдодаро муаррифӣ намуда, зимни он ҳам тамоюлҳои мусбат, аз ҷумла афзоиши таваҷҷуҳи субъектҳои соҳибкорӣ ба раванди рақамикунонӣ ва ҳам мушкилоти мавҷуда, аз қабили маҳдудияти дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ, норасоии малакаҳои рақамӣ ва зарурати таҳкими минбаъдаи инфрасохторро таъкид намуданд.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дастрасӣ ба инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахши хусусӣ ва тақвияти корҳои иттилоотӣ барои ҷалби соҳибкорон ба барномаҳои давлатии рақамикунонӣ матраҳ гардиданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи таҳкими ҳамкорӣ ва рушди механизмҳои амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисоди миллӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






