«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Муовини раиси шаҳр Давлатҷон Ғаффорзода иброз намуд, ки даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо завқи баланди зебоипарастӣ ва шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир шуд.
Фестивал аз рӯи номинатсияҳои зерин: «Намоиши либосҳои қадимии маҳал», «Намоиши либосҳои рӯзмарра», «Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона», «Намоиши либосҳои расмӣ» ва «Намоиши намудҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ» доир гардид. Дар он ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, коркарди матоъҳои миллӣ – шоҳӣ, атлас, адрас, гулбаст ва алоча пешниҳод шуданд.
Баргузории чунин фестивалҳо заминаи мусоид барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар сатҳи баланд мебошад.
Дар фарҷоми фестивал масъулин барои иштироки фаъолона аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






