Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд

Май 12, 2026 19:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй, ки барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии доимии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалисозии афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Баргузории Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе имконияти мусоид барои таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор номида шуд.

Ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, идоракунии устувори захираҳои замин, ҳифзи ҷангал ва дастгирии иқтисоди «сабз» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.


Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи растаниҳо ва гуногунии биологӣ, амнияти фитосанитарӣ, рушди низомҳои устувори истеҳсолӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии соҳа муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Созмон доир ба таҳкими иқтидори бахшҳои кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, рушди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши агроозуқаворӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Мудири кулли Созмон вобаста ба таъсиси Гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва ворид гардидани гӯсфанди ҳисорӣ ва ангури тоифии дараи Алмосӣ ба феҳристи Системаи мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ изҳори сипос намуданд.

Зимни суҳбат омодагии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории судманд бо Созмон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2026 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд