24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст

Май 24, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон шудааст. Тоҷикистон дар самти ҳифзи бузи пармашохи морхӯр ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардидааст. Чанде пеш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр (24 май) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк иброз намуд, ки «саршумори морхӯр дар Тоҷикистон аз тақрибан 300 сар дар солҳои 1990-ум то ба зиёда аз 7000 сар дар замони ҳозира расидааст».

Таҷлили Рӯзи байналмилалии морхӯр дар Душанбе

Ин барқароршавӣ натиҷаи татбиқи пайвастаи тадбирҳои ҳифзи табиат, мониторинги саҳроӣ, ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва идоракунии масъулиятноки олами ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад.

Бо назардошти дурнамо намояндаи Тоҷикистон дар дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк пешниҳод намуд, ки имконияти таҷлили Рӯзи байналмилалии морхӯр моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе ҳамчун чорабинии байналмилалӣ баррасӣ карда шавад.

Қатъномаи 78/278 – Рӯзи байналмилалии Морхӯр

2 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи A/RES/78/278-ро қабул намуд, ки мувофиқи он 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид. Санаи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст.

Дар матни қатънома аҳаммияти ҳифзи морхӯр (Capra falconeri) – як намуди нодиру аз ҷиҳати экологӣ аҳамиятноки бузи ваҳшии кӯҳӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ паҳн шудааст, махсус таъкид ёфтааст. Дар ҳуҷҷат даъват карда шудааст, ки Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP), давлатҳои аъзо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, сохторҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамкориро барои ҳифзи морхӯр ва муҳити зисти он тақвият бахшанд.

Минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ- макони зисти морхӯр

Морхӯр – намуди нодири бузи ваҳшии кӯҳӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон сукунат мекунад. Аз назари гуногунии биологӣ ва устувории эконизомҳо морхӯр аҳамияти бузург дорад, аммо ба таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст: аз даст рафтани муҳити табиӣ, шикори ғайриқонунӣ, қочоқи намудҳо ва таъсири тағйирёбии иқлим. Бо мақсади ҳифзи он морхӯр аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ба рӯйхати «наздик ба таҳдидшаванда» (Near Threatened) ворид гардида, аз соли 1992 ба замимаҳои Конвенсия оид ба тиҷорати байналмилалии намудҳои зери таҳдид (CITES) дохил карда шудааст.

Сукунати морхӯр дар мавзеъҳои баландкӯҳ

Табиати зебоманзари Тоҷикистон макони сукунати ҳайвоноти нодир мебошад. Морхӯр барои сукунат мавзеъҳои кӯҳии то 2700 метр аз сатҳи баҳр баландро интихоб менамояд. Дар Тоҷикистон ин ҷонвари нодир ба таври хеле маҳдуд паҳн гардида, дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазратишоҳ, мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак вомехӯрад. Ин ҷонвар вобаста ба мавсими сол кӯчиш мекунад. Дарозии баданаш 170 см, баландиаш 90 см, вазнаш 80-90 то 109 кг буда, риши дарози то 30 сантиметр дорад. Морхӯр шохҳои зебои печидаи пармамонанди пурарзиш дорад, аз ин рӯ таваҷҷуҳи шикорчиён ба он зиёд аст. Ин ҷонвари зебо ба Китоби сурхи байналмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон дохил гардидааст.

Калонтарин популятсияи бузи пармашох дар «Дашти Ҷум»

Калонтарин популятсияи бузи кӯҳии пармашох дар ҷаҳон дар минтақаи мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боқӣ мондааст ва он ҳамчун намуди нодири олами ҳайвонот арзёбӣ мегардад. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бузи пармашох дар мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин ҳайвон ба нақша гирифта шудааст.

Ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳифзи морхӯр

Аввалин таҷлили Рӯзи байналмилалии морхӯр 24 майи соли 2024 баргузор гардид ва ин воқеа дар санадҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид ва нашрияҳои махсуси ҳифзи табиат инъикос ёфт. Инчунин соли 2025 ин сана дубора таҷлил шуд, ки ба таҳкими ҷойгоҳи он дар рӯзномаи байналмилалии экологӣ ишора мекунад. Ин иқдом, ки дар доираи қатъномаи A/RES/78/278 расмият ёфт, ҳадаф дорад таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба зарурати ҳифзи морхӯр ҷалб намояд ва ҳамзамон принсипҳои сайёҳии устувор, рушди ҳамкории минтақавии экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологиро тарғиб созад.

Кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон-макони зисти Морхӯр

Дар Тоҷикистон морхӯр ҷойгоҳи хос дошта, унсури муҳими эконизомҳои кӯҳӣ ва ҳифзи гуногунии биологии манотиқи баландкӯҳ ба ҳисоб меравад. Мавзеъҳои паҳншавии он асосан байни кӯҳистони дарёҳои Панҷу Вахш, инчунин дар қисмати шимолу ғарбии Дарвоз воқеъ мебошад. Тибқи маълумоти назоратҳои экологӣ, шумораи морхӯр дар Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш ёфта, имрӯз то ба зиёда аз 7 000 сар мерасад. Ин дастоварди назаррас бо таъсиси захирагоҳҳо, татбиқи ташаббусҳои мақсаднок ва маъракаҳои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа имконпазир гардид. Муҳимтарин омил дар ин раванд мубориза бо шикори ғайриқонунӣ ва қочоқ буд, ки бо ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ, инчунин ҷаримаҳои назаррас таъмин гардид.

Ҳоло Рӯзи байналмилалии морхӯр ба бахши муҳими рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи табиат табдил ёфтааст. Ин сана таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба зарурати ҳифзи ин намуди нодиру осебпазир ҷалб менамояд. Аҳамияти он бо иштироки фаъолонаи давлатҳо, сохторҳои минтақавӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, инчунин бо татбиқи маҷмуи тадбирҳо- чораҳои қонунгузорию ҳифзӣ, барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва маърифатӣ тасдиқ мегардад.

Рӯзи байналмилалии морхӯр на танҳо рамзи дастгирии ҷаҳонии талошҳои ҳифзи ин намуди ҳайвони нодир аст, балки василаи муассири таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмини устувории экологӣ арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Олуча меваи шифобахш ва ғизои витаминнок дониста мешавад
Нурҳои ултрабунафш ба саломатии инсон чӣ таъсир дорад?
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёбад
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд