Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад

Май 20, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон бо Озарбойҷон Ғайрат Азиззода бо раиси кумитаи Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озорбойҷон оид ба захираҳои табиӣ, энергетика ва экология Гурбанов Садиг Хагбердӣ оғлу вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат (соли 1992) муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон  бо маром рушду таҳким ёфта, аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфт. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу Алиев мебошанд.

Боиси хушнудист, ки робитаҳо байни ду давлат бар пояи беш аз 94 созишномаи байналмилалӣ дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ асос ёфтаанд, ки аз самаранокии кӯшишҳои дипломатии ҷонибҳо дарак медиҳанд.

Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки ба шарикии давлатҳо тақвият бахшад ва дар рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба саҳм гузорад. Табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи тарафҳо буда, метавонад ба пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат намояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд