АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Май 3, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ,  соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардид. Бинобар ин, моро мебояд, ки бо шарофати ин иқдоми неку созанда  аз як гиребон сар бароварда, дар паҳлуи Сарвари давлат қарор гирем ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат кӯшиш намоем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, инъикоскунандаи ҳаёти воқеии мардуми тоҷик буда, аз муҳимтарин омили пешрафту тараққиёти давлати мо дар замони истиқлол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  мо бояд аз ду зовия нигоҳ кунем: 1) аз татбиқи масъалаҳои дар паёми қаблӣ тарҳрезигардида ва 2) масъалагузорӣ барои иҷрои нақшаҳои бузург дар соли нав ва ҳамзамон масъалаҳое, ки дар айёми ҳал шудани вазифаҳои иҷрошуда ба миён омадаанд. Ин таҷрибаҳо дидгоҳҳои наверо дар такмили ҳамон масъалаҳои ҳалгардида ба вуҷуд оварда, роҳҳои нави расидан ба ҳадафро пешгӯйӣ мекунанд.

Агар аз Паём то Паём ба иҷрои масъалаҳои тарҳрезигардида назар кунем, мебинем, ки қариб ҳама масъалаҳои татбиқгашта ба фарҳанги муносибат алоқаманд мебошанд. Вақте Сарвари давлат аз муносибати фарҳангӣ дар ҳар масъалае  изҳори нигаронӣ менамоянд, он моро ба амиқназарӣ водор мекунад. Бисёр масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ шуданд, аз иқдоми бузург то хурдтарин ҷузъиёт аз вусъату паҳно бахшидани муносиботи фарҳангии мо далолат мекарданд. Ҳадафи мо аз ин гуфтор ишора ба масъалаҳоест, ки метавонанд дар тавсеа додани фарҳанги миллии мо ҷойгоҳи муқаддам дошта бошанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, миллати тоҷик дорои тамаддуни бузург буда, таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ин шоҳидии таърихномаҳост ва онро набофтаанд. Яъне, танҳо ҳамин сухани ҳакимонаи Пешвои миллат моро водор менамояд, ки ба тамоми масъалаҳои фарогири Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо назари амиқ нигарем. Дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои бузурги маишӣ, аз қабили роҳу нақбҳо, меъмориҳои таърихӣ, бунёди неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти бузурги аср ва корхонаҳои саноатӣ бояд нақш гузорем. Тамоми дастовардҳои замони истиқлол арзишҳои миллии мо маҳсуб мешаванд ва роҳи ҳифзи онҳо боз ҳам, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, муносибати фарҳангиро талаб мекунад. Агар мо дар муносибат ба тамоми атроф, ки хушрӯзии мо ба он вобастааст, беаҳаммият набошем ва тавонем дигаронро ҳам ба он ташвиқ кунем, метавонем дастгири мардум бошем. Албатта, сарчашмаи чунин муносибат бояд аввал дар хона бошад. Агар мо худамон ба сарфаи обу барқ, тозагии атроф таваҷҷуҳ дошта бошем, фарзанди мо низ ин амалро дар ҷамъият риоя мекунад ва ҳадди ақалл эҳтиромаш ба ҳамон курсие, ки дар таълимгоҳ мешинад, зоҳир мегардад. Зеро ӯ бояд донад, ки баъди ӯ дигарон аз ин курсӣ бояд истифода кунанд ва ин масъулият барои дигар ҳамсабақон низ бетаъсир намемонад. Имрӯз мо бояд ба қадри сарзамини биҳиштии худ бирасем.

Мо, хушбахтона, дар мамлакате умр ба сар мебарем, ки тамоми иқтидори табииро дорем, фақат зарур аст, ки  фарҳанги истифода аз онро дуруст ба роҳ монем. Чуноне ки Президенти мамлакат таъкид намудаанд, мо миллате ҳастем, ки тамаддуни бузург дорем, аз қадим шаҳрдор будем ва бо фарҳанги хос аз давлату миллати худ дарак медодем.

Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе аз бузургтарин иқдоми фарҳангии Пешвои миллат дар замони бархурдҳои фарҳангӣ мебошад, ки дар ҳифзи асолати фарҳангии мардуми тоҷик нақши муҳим дорад.

Аз дигар масъалаҳои муҳимме, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ садо дод, татбиқи нақшаҳое буданд, ки аз Паём то Паём иҷро шуданд ва аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангии миллати тоҷик ба шумор мераванд. Махсусан, тақдими «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ба ҳар хонадони тоҷик аз татбиқи сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро шаҳодат медиҳад.

Тавре Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, тақдими «Шоҳнома» ба мардуми тоҷик аз шумори нақшаҳои бузурге дар радифи тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Қуръон»-и азимушшаън бо забони тоҷикӣ ба мардуми китобдӯсту фарҳангии тоҷик мебошад. Ин иқдом аз мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Тавре Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, давлат бе унсурҳои муҳимми худ побарҷо буда наметавонад ва мо ба қадри давлату миллати худ вақте мерасем, ки аз таъриху фарҳанги худ огоҳии комил дошта бошем. Яъне нафаре метавонад хидмати содиқонаи давлату миллатро ба ҷо орад, ки таърихи гузаштаи худро хуб медонад, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ мекунад ва дилаш ба миллату давлат месӯзад. Ҳадафмандӣ дар ин се китоби бузург бо худшиносӣ, тамаддундорию фарҳангсолорӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна хурофоту ҷаҳолатпарастӣ пайванд аст. Агар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров моро бо асли худ шинос созад, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба мо ғурури ватандӯстию меҳанпарастӣ ва асолати миллӣ меомӯзад. «Қуръони карим» ҳақиқатро дар чашми мо равшан карда, моро аз ҳар гуна хурофот нигоҳ медорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки имрӯз дар назди мо корҳои бузургтаре истодаанд, ки онҳоро бояд анҷом диҳем ва роҳи ҳалли масъалаҳои ҷаҳониро пайдо кунем, то зиндагии халқи тоҷик хуб гардад. Мардумро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ роҳнамоӣ кунем ва битавонем бо иттиҳоду ҳамбастагӣ Ватанро ҳифз намоем. Дар баробари ин, Президенти мамлакат бо қалби саршори муҳаббат нисбат ба Ватан ва ҳисси баланди инсондӯстӣ махсус таъкид намуданд, ки «ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон итминони комил дорам. Мо бо мардуми заҳматкаш тамоми нияту мақсадҳои некамонро дар ояндаи наздик амалӣ менамоем ва Тоҷикистонро ба давлати пешрафтаю сарсабз табдил медиҳем».

Шариф АБДУЛЛОЕВ,
 Ибодат МУРОДОВА,
кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд.
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор