Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳамлаи террористии интиҳорӣ ба қатораи мусофирбар дар музофоти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи он шумораи зиёди одамон ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Мо ин амали террористии даҳшатбор ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он боз ҳам таъкид менамоем.
Ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Покистон ва пайвандону наздикони ҷонбохтагон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям. Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






