«БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ». Доир ба он дар гимназия ва литсейҳо дарсҳои кушод гузаронида шуданд

Май 3, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040) ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030» барои хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарсҳои кушод гузаронида шуданд.

Аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин чорабинӣ  ҷалби  ҷавонон ба фанҳои дақиқ мебошад. Зеро ояндаи иқтисодиёти мамлакат дар бисёр ҷанбаҳо аз ҷавонони лаёқатманд, олимони баландихтисос ва муҳандисони таҷрибадор вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, рушди илмҳои дақиқ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз солҳои мактабӣ оғоз ёбад.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ба хонандагон дар бораи самтҳои асосии фаъолият ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал расонида шуд.

Чунин дарси кушод дар Гимназияи №1 шаҳри Бӯстони вилояти Суғд низ гузаронида шуд. Дар он 60 нафар хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Зимни чорабиниҳо байни мутахассисони соҳавӣ ва мактаббачагон саволу ҷавобҳо гузаронида шуданд. Дарсҳои кушод хеле самаранок баргузор гардида, дар байни хонандагон таваҷҷуҳи зиёд ва ҳавасмандӣ ба фанҳои дақиқ зоҳир гардид.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 3, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд