Дар Душанбе машғулияти омӯзишии минтақавии Агентии байналмилалии неруи атомӣ оғоз гардид

Май 4, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе машғулияти омӯзишии минтақавии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар мавзуи «Методологияҳои арзёбии вояи нургирии кормандон дар равандҳои саноатии марбут ба маводи табиии радиоактивӣ» оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Баргузории ҳамоиши муҳими минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи сатҳи баланди эътимоди байналмилалӣ ба имконияту иқтидори миллӣ дар самти таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ буда, ҳамзамон нақши рӯзафзуни Тоҷикистонро ҳамчун минбари минтақавӣ барои муколамаи касбӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, такмили ихтисоси мутахассисон ва таҳкими ҳамкории амалӣ дар байни давлатҳои аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ таъкид менамояд.

Дар ҳамоиш 35 иштирокчӣ аз 33 давлати аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок дорад. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода, инчунин намояндагони Агентӣ Эмина Алик ва Бурчин Окяр сухан гуфтанд.

Ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами соҳаро дар бар гирифта, ба рушди низоми миллии ҳифзи радиатсионӣ ва такмили танзими давлатӣ иртиботи мустақим дорад. Аз ҷумла, дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиён усулҳои муосири арзёбии вояи нургирии кормандон дар равандҳои саноатии марбут ба маводи табиии радиоактивӣ, татбиқи стандартҳои бехатарии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, таҳлили таҷрибаи миллӣ, инчунин такмили механизмҳои назорати танзимкунанда ва риояи талаботи муқарраргардида қарор доранд.

Мувофиқи барнома давлатҳои иштирокчӣ маърузаҳои миллӣ пешниҳод менамоянд, ки дар онҳо таҷрибаи мавҷуда, равишҳои амалкунанда, хусусияти татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва таҷрибаи андӯхта дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва амнияти радиатсионӣ инъикос мешаванд. Аз ҷумла, қисмати муҳими барнома ба баррасии Стандартҳои бехатарии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, масъалаҳои назорати танзимкунанда ва риояи талабот, инчунин тартиби пешбурди реестрҳои миллии вояҳои нургирӣ бахшида шудааст, ки аз унсурҳои муҳими низоми устувори ҳифзи касбии радиатсионӣ ба шумор мераванд.

Хусусияти амалӣ ва натиҷамеҳвари ҳамоиш бо он тақвият меёбад, ки бахши назарраси барнома ба кори гурӯҳӣ ихтисос дода шудааст. Иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ ҳолатҳои мушаххасро таҳлил намуда, ҷанбаҳои хоси методологияҳои арзёбии вояро баррасӣ ва пешниҳодҳоро барои такмили минбаъдаи онҳо таҳия менамоянд. Ин гуна шакли кор имкон медиҳад, ки ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам таҷрибаи амалии кишварҳо ба ҳам пайваста, тавсияҳои мушаххаси қобили истифода таҳия гарданд.

Баргузории машғулияти омӯзишии минтақавии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар шаҳри Душанбе оид ба чунин мавзуи муҳиму тахассусӣ бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ содиқ буда, ҳамзамон барои таҳкими зерсохтори миллии амният, рушди иқтидори кадрӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ тадбирҳои пайгирона меандешад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳкими минбаъдаи низомҳои миллии ҳифзи радиатсионӣ, баланд бардоштани сифати арзёбии вояи нургирӣ, такмили механизмҳои танзимкунанда ва рушди равишҳои ягонаи касбӣ байни давлатҳои аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ мусоидат намоянд.

Машғулият то 8 май идома меёбад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 4, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд