Дар Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки масъулон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матуботи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки тамоми сохторҳои дахлдор бояд корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Иброз гардид, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ аллакай фаъолияти худро оғоз намуда, барои муайян кардани ҳаҷми пурраи хисорот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори зарардида чораҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Ба иттилои масъулон, бар асари офати табиӣ тахминан 850 оила зарар дидааст. Дар ин замина, таъмини оилаҳои зарардида бо маводи аввалияи хӯрока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки дар наздиктарин фурсат кумакҳои яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои осебдида расонида мешаванд, зеро вазъ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласа оид ба вазъи баамаломада ва тадбирҳои то имрӯз андешидашуда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тамоми имконияту захираҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд.
Таъкид гардид, ки корҳои тозакунии маҳалҳои осебдида, барқарорсозии инфрасохтори зарардида ва расонидани кумакҳои аввалия ба аҳолӣ босуръат идома доранд.
Дар ҷараёни муҳокима аз таҷрибаи бартарафсозии офатҳои табиии солҳои гузашта ёдовар шуда, саҳми маблағгузорӣ ва кумакҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии минтақаҳои осебдида махсус таъкид гардид.
Сарвазири мамлакат ҳамзамон дастур дод, ки дар минтақаҳои хавфнок корҳои мустаҳкамсозӣ ва пешгирӣ пурзӯр карда шуда, лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва деворбандӣ дар кутоҳтарин муҳлат таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Изҳор гардид, ки назорати доимии минтақаҳои хавфнок бояд дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби нӯшокӣ ва неруи барқ сари вақт таъмин карда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба тамоми сохторҳо ва кормандони хизматрасон, ки дар шабонарӯзи гузашта дар паҳлӯи мардум қарор дошта, барои коҳиш додани оқибатҳои офат саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамзамон зимни ҷаласа ба масъалаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки корҳои ободонию созандагӣ бояд боз ҳам тақвият дода шуда, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида шавад.
Таъкид карда шуд, ки айни замон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ҳоли сохтмон қарор дошта, ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамаи масъалаҳои марбут ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва рушди минбаъдаи тамоми бахшу соҳаҳо дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифта, барои иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Хатлон










Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






