Дар мавзуи нақши осорхонаҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май), 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» (2026) ва 25–солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар мавзуи «Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки осорхонаҳо ҳамчун махзани таъриху фарҳанги миллат дар ҳифз, муаррифӣ ва интиқоли арзишҳои миллӣ ба наслҳои оянда нақши бисёр муҳим доранд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ бештар гардида, барои рушди фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи бозёфтҳои нодири таърихӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди осорхонаҳо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи устувор гузошта, имрӯз осорхонаҳо ба марказҳои муҳими илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ табдил ёфтаанд.
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои муҳими фарҳангӣ ва илмии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию тамаддунии миллати тоҷик саҳми назаррас дорад. Ин осорхона бо доштани нигораҳои нодири бостоншиносӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва маърифатӣ шинохта шуда, ҳамасола таваҷҷуҳи муҳаққиқон, донишмандон ва дӯстдорони таърихро ба худ ҷалб менамояд.
Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳои нодири таърихӣ ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши таърихи миллат бештар мегардад. Дар ин замина ҳамкории зичи муассисаҳои илмӣ бо осорхонаҳо метавонад барои муаррифии беҳтари мероси фарҳангии тоҷикон ва густариши худшиносии миллӣ заминаи устувор фароҳам оварад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






