Дар мавзуи «Низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар вазъи имрӯзаи бисёрқутба» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 30, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар вазъи имрӯзаи бисёрқутба» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин институт.

Дар кори конференсия олимон, коршиносони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, мутахассисони соҳа дар доираи муҳокимаву музокирот оид ба масъалаҳои баррасишаванда пешниҳодҳои мушаххас иброз доштанд.

Маърузаҳо ва тавсияҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён самтҳои муҳими фаъолияти минбаъдаро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони бисёрқутба муайян намуданд.

Конференсия ба татбиқи амалии равандҳои муосири низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони бисёрқутба мусоидат намуда, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва таҷрибаи касбии мутахассисони соҳаҳои сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам овард.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 30, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад