Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад

Май 12, 2026 13:40

ТУРСУНЗОДА, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040», кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода дар 1,3 гектар ниҳолхона ташкил намудаанд. Дар айни замон дар ин ниҳолхона 12 ҳазору 600 бех наврустаҳои дарахтони сӯзанбарг, чинор, сарвиноз, қарағоч ва павлония парвариш меёбанд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода Дилшод Камолзода иттилоъ дод.

Дар ин ниҳолхона имсол барои зебогардонии кӯчаҳои шаҳр ва ташкил намудани гулгаштҳо зиёда аз 40 ҳазор бех қаламчаи гулҳои гуногуни садбарг шинонида шуданд. Дар айни замон сабзиши онҳо хуб буда, дар оянда маркази шаҳр ва атрофи онро зебо мегардонанд.

Тибқи иттилои манбаъ, соли 2026 дар шаҳри Турсунзода бояд 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр то имрӯз беш аз 24 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст. Аз ин шумора 5808 бех ниҳоли мевадиҳанда, 9193 бех ниҳоли сояафкан, 3457 бех ниҳоли ороишӣ, 5100 бех ниҳоли тут ва 710 бех ниҳоли павлония мебошанд.

Ҳоло сабзиши ниҳолҳо хуб аст. Роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода нафарони махсусро барои обёрии ин ниҳолҳо вобаста намудаанд, то дар фасли гармо дарахтонро нигоҳубин кунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд