Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид

Май 26, 2026 16:43

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк» бо иштироки донишҷӯён ва хатмкунандагони равияҳои иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк»  хабар доданд, дар доираи чорабинӣ иштирокчиён бо фаъолияти бонк, хизматрасонии муосири молиявӣ, имконияти таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбӣ аз наздик шинос шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони бонк дарсҳои омӯзишӣ ва машғулиятҳои интерактивӣ баргузор гардида, ба ҷавонон вобаста ба фаъолияти низоми бонкӣ, технологияҳои рақамии молиявӣ ва имкониятҳои кору рушд маълумоти муфид пешниҳод карда шуд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои омода намудани кадрҳои ҷавону рақобатпазир, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва ҷалби ҷавонони соҳибмаълумот ба соҳаи бонкдорӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон донишҷӯён имкон пайдо намуданд, ки бо кормандони соҳа суҳбати озод анҷом дода, доир ба таҷрибаи корӣ, талаботи бозори меҳнат ва роҳҳои рушди касбӣ маълумоти зарурӣ дастрас намоянд.

 

АКС: «Саноатсодиротбонк»  

Май 26, 2026 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст