Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд

Май 5, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Фаронса бо вазир — ваколатдор оид ба баробарии занону мардон ва мубориза бар зидди табъиз дар Ҷумҳурии Фаронса Аврора Берже вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, тавонмандсозии занон ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.

Мавсума Муинӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, кафолатҳои баробарҳуқуқии занону мардон ва қонунҳои соҳавии қабулшуда сухан гуфт.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва платформаҳои дахлдори бисёрҷониба табодули афкор намуданд.

Вохӯрӣ дар доираи сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон барои табодули таҷриба, ки аз 4 то 8 май бо аъзои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса баргузор мегардад, доир шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд