Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Май 8, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Мусоҳибон зимни суҳбат робитаҳои дипломатии устувори байни ду давлатро, ки ҳанӯз соли 1992 барқарор шудаанд, ҳамаҷониба истиқбол намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон давоми 34 соли охир бо ташаббуси созандаи роҳбарияти олии ду давлат аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи стратегӣ расиданд, ки ин дастоварди муҳим аст.

«Робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегирад. Дар натиҷаи муносибатҳои муваффақонаи ду ҷониб 96 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳаҷми гардиши солонаи мол низ байни кишварҳо афзуда, танҳо дар моҳи сентябри соли 2025 ба 53 миллион доллари амрикоӣ расидааст», — изҳор шуд дар мулоқот.

Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкорӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор мебошад. Барои мо муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро идома хоҳем дод.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳолати имрӯзаи муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Покистон нишон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд бо вуҷуди рушд дар марҳилаи доимии ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор дорад. Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои фаровони то ҳол истифоданашуда зиёданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд