Масъалаҳо оид ба мониторинг ва таҳлили корҳо дар самти рушди низоми суғуртаи Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо оид ба мониторинг ва таҳлили корҳои амалигашта, баррасии монеаҳои мавҷуда ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо дар самти рушди низоми суғуртаи мамлакат дар ҷаласаи кории маҷозӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи кумаки техникии Вазорати молияи Амрико доир шуд. Дар он муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва мушовири калони хизматрасониҳои бонкию молиявии Раёсати кумакҳои техникии Вазорати молияи Амрико Паула Ҷонс иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории самараноки дуҷониба заминаи муҳим барои рушди соҳаи суғурта фароҳам оварда шуда, инфрасохтори асосии он тавассути ҷорӣ намудани механизмҳои муосири муҳосибот ва танзими амалиёти суғуртавӣ бо назардошти принсипҳои асосии суғурта ташаккул ёфтааст. Дар ин замина мақомоти назорати суғуртавии Тоҷикистон барои мутобиқ намудани низом ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори танзимию назоратӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар идома масъалаҳои марбут ба ҳисоботи молиявии ташкилоти суғуртавӣ таҳлил гардида, барои такмили онҳо ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд. Гуфта шуд, ки татбиқи нақшаҳои пешбинишудаи лоиҳа то соли 2030 идома ёфта, барои рушди устувор ва такмили минбаъдаи низоми суғуртаи мамлакат заминаи боэътимод фароҳам меорад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






