МИРЗО ТУРСУНЗОДА — ШОИРИ МИЛЛӢ ВА ШАХСИЯТИ ҶАҲОНӢ. Ба ифтихори 115-солагии шоир конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Май 5, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода як гурӯҳ олимону муҳаққиқон ба гиромидошти хотираи неки ин шахсияти барҷаста дар оромгоҳи шоир гулчанбар гузоштанд. Инчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва гиромидошти адиб бо осори Хона-музейи Мирзо Турсунзода шинос шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, олимону муҳаққиқон зимни маросими гулчанбаргузорӣ аз хизматҳои бузурги Устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти фарҳангу маънавиёти ҷомеа ёдовар шуда, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд.

Дар Хона–музейи Мирзо Турсунзода олимону донишмандон бо шароити зиндагӣ, фаъолияти эҷодии адиб, осори гаронбаҳо, дастхатҳо, ашёи шахсӣ ва ёдгориҳои таърихии марбут ба ҳаёт ва фаъолияти устод шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки мероси адабии Мирзо Турсунзода ҳамчун ганҷи бебаҳои миллӣ то имрӯз аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, дар тарбияи наслҳои наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад.

Инчунин имрӯз дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Точикистон таҳти унвони «Мирзо Турсунзода– шоири миллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки шахсияти барҷаста–Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Мероси адабии устод бо фарогирии арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, дар шароити муосир низ роҳнамои ҷомеа ба сӯи худшиносию худогоҳӣ мебошад.

Фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ ва сиёсии Устод Мирзо Турсунзода дар таҳкими равобити байналмилалӣ, муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми назаррас гузоштааст. Аз ин лиҳоз омӯзиш ва тарғиби осори адиб яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқону донишмандон ба ҳисоб меравад.

Осори пурғановат ва фаъолияти пурсамари Мирзо Турсунзода ҳамчун мактаби бузурги адабӣ ва маънавӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат менамояд. Зеро дар эҷодиёти устод масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, арзишҳои волои инсонӣ, сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо бо маҳорати баланд инъикос ёфта, аҳамияти онҳо дар шароити ҷаҳони муосир боз ҳам бештар мегардад.

Осори мондагори устод на танҳо падидаи муҳими адабӣ, балки барои наслҳои имрӯзу оянда мактаби бузурги худшиносӣ, ватандӯстӣ, сулҳхоҳӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳо ҷойгоҳи Мирзо Турсунзодаро дар таърихи фарҳанги миллӣ ҳамчун чеҳраи барҷаста ва беназир устувор гардонидаанд.

Ашъори пурмуҳтавои шоир саршор аз муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва садоқат ба арзишҳои умумибашарист. Он имрӯз низ барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ аҳамияти калон дорад. Фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатии шоир барои хизмат ба ҷомеа ва давлат намунаи ибрат ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба саҳмгузорӣ дар рушди давлат ҳидоят менамояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 5, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи миллии илмҳо маҳфили адабӣ доир гардид
Дар мавзуи «Аҳамияти Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар шинохт ва муаррифии илми тоҷик» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба ҳамоиш доир мешавад
26 магистранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби Дипломи аъло гардид
Олимони тоҷик дар водии Яғноб 40 навъи зироати гуногуни кишоварзӣ кишт намуданд
Дар ҳавзаи дарёи Панҷ корҳои экспедитсионӣ ва саҳроӣ гузаронида шуданд
Оид ба ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Дар шаҳри Бӯстон Озмоишгоҳи муосири радиоэкология ва муҳити зист ба истифода дода шуд
Олимони тоҷик дар Минск дар Конгресси байналмилалӣ оид ба биология ва экология иштирок доранд
Дар ҳавзаи дарёи Сир корҳои саҳроӣ ва экспедитсионӣ анҷом дода шуданд