Муколамаи миллӣ дар мавзуи «Арзёбии хатари хушксолӣ ва устувории он дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуд

Май 30, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Барномаи об ва энергетикаи Осиёи Марказӣ (CAWEP) муколамаи миллӣ дар мавзуи «Арзёбии хатари хушксолӣ ва устувории он дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт хабар медиҳад, ҳадафи асосии чорабинӣ арзёбии идоракунии хатари хушксолӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон буд.

Гуфта шуд, ки хушксолӣ хатари асосии иқлимӣ ва такроршаванда дар Осиёи Марказӣ буда, ба захираҳои об, кишоварзӣ ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонад. Ин ба дастгирии давлатҳо дар фаҳмидани миқёс ва шиддати хатарҳои хушксолӣ ва гузоштани замина барои устувории дарозмуддат равона шудааст.

Дар натиҷаи муколамаҳо панҷ чаҳорчӯбаи миллии арзёбии хатар ва устуворӣ ба хушксолӣ (DRRA) барои ин давлатҳо, як чаҳорчӯбаи минтақавӣ (байнисарҳадӣ)-и DRRA, панҷ муколамаи миллӣ ва як муколамаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои хушксолӣ, харитаҳои ҷонибҳои манфиатдор ва таҳлили институтсионалии системаҳои омодагӣ ба хушксолӣ, тавсияҳо оид ба чораҳои асосӣ ва самтҳои сармоягузорӣ барои тақвияти устуворӣ ба хушксолӣ ва ғайра таҳия шуданд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 30, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»