Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд

Май 15, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 15.05.2026  /АМИТ «Ховар»/. 14 май муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода дар расми ифтитоҳи Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 дар шаҳри Чэндуи музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе нақши муколамаи пайвастаи байни шаҳрҳоро дар таҳким ва тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ ва рушди устувори шаҳрҳо муҳим арзёбӣ намуд.Ҳамзамон доир ба таҷрибаи ҳамкории байналмилалии шаҳри Душанбе ва зарфияти иқтисодию сармоягузорӣ, саноатӣ ва сайёҳии он табодули назар карда шуд.

Шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду соли 2023 робитаҳои шарикиро барқарор намуда, барои рушди амалии ҳамкории мутақобили судманд тадбирҳои муштараки амалӣ меандешанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе

Май 15, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд