Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русияро, ки барои иштирок дар Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба пойтахти мамлакат омадаанд, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз муколамаи фаъол ва мунтазами сатҳи олӣ давоми 35-соли робитаҳои бародаршаҳрӣ изҳори қаноатмандӣ карда, густариши боз ҳам бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи байнишаҳриро дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ ба манфиати мардумони ду шаҳр арзёбӣ намуданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 20–23 май дар пойтахти мамлакат Рӯзҳои Санкт–Петербург баргузор мегарданд, ки ба 35–солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт–Петербург бахшида мешаванд.
Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт–Петербург баргузории вохӯриҳо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, нишастҳои тиҷоратию корӣ, намоишгоҳи аксҳо, барномаи фарҳангӣ, доир намудани амалиёти муштараки тиббӣ, табодули таҷрибаи маорифчиён, ҷавонон, сохторҳои сайёҳӣ ва шиносоӣ бо маконҳои сайёҳию таърихии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе дар таҳкиму густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкории гуногунҷанба байни Душанбе ва Санкт-Петербург саҳифаи нав боз намуда, барои дарёфти самту усулҳои тоза ва муайян кардани уфуқҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ёдовар мешавем, ки байни шаҳри Санкт-Петербург ва шаҳри Душанбе соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ баста шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






