Намояндаи Қазоқистон Нина Пиманкина: «Дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мехоҳем аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода намоем»

Май 28, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз мавзеъҳои сайёҳию фарҳангии шаҳри Душанбе шинос гардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанбе дар шаҳри Душанбе бо майдони «Истиқлол» ва осорхонаи он, Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бозори «Меҳргон» шинос шуданд.

Зимни боздид яке аз иштирокчиёни конфронс- намояндаи  Ҷумҳурии Қазоқистон Нина Пиманкина дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки  аз тамошои пойтахти Тоҷикистон хеле ба ваҷд омадааст. «Душанбе ба маркази фарҳангии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Тамошои ин шаҳр барои мо хеле муҳим ва ҷолиб аст. Душанбе шаҳри хеле зебову замонавӣ буда, дар он биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ қомат афрохтаанд. Дар шоҳроҳҳои Душанбе мошинҳои барқӣ ҳаракат менамоянд, ки аз тадбирҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад», -афзуд номбурда.

Ҳамсуҳбати мо ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон марбут ба обу иқлимро  муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки бисёр хуб аст, ки ин иқдом аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардидааст.

«Мо мехоҳем таҷрибаи Тоҷикистонро дар соҳаҳои муайян, аз қабили ташкили истироҳатгоҳҳо ва баргузории конфронсҳои бузурги байналмилалӣ омӯзем. Ин барномаи хеле муҳим барои тамоми Осиёи Марказӣ аст. Конфронс дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид. Бузургшаҳрҳо дар ҷаҳон зиёданд, аммо андеша дорам, ки Душанберо сокинони меҳмоннавозаш шукуҳу шаҳомати хосса мебахшанд. Ин қадар мардуми самимӣ ва кушодачеҳраро дар ҳаётам надидаам. Хайрхоҳию меҳмоннавозиашонро дида, хаёл мекунам бо онҳо шиноси дерина бошам»,-афзуд Нина Пиманкина.

Иштирокчиён аз Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз тамошои кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар ҳайрат шуда, изҳор доштанд, ки аз дидани гулҳои рангоранг, буттаю дарахтони ороишию сояафкани кӯчаю хиёбонҳои Душанбе хеле хушҳол шудаанд. «Тамошои боғу гулгаштҳои гулпӯши пойтахти тоҷикон, суҳбат бо мардуми меҳмондӯсту заҳматкаши он ва шиносоӣ бо таърихи бойю қадимаашон хеле писандамон омад», -изҳор доштанд онҳо.

Аксари иштирокчиёни конфронс изҳор доштанд, ки мардуми тоҷик хушбахтанд, ки чунин Ватани ободу зебо доранд ва ифтихорманданд, ки Сарвари давлаташон ва роҳбарияти шаҳр барои онҳо чунин шароитро муҳайё намудаанд.

Дигар меҳмонони ин ҳайат низ табиати Тоҷикистонро афсонавӣ номида, ба мардуми меҳмоннавози тоҷик, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомашон оид ба масъалаҳои об, ки барои башарият ҳаётан муҳим мебошанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз барои иштирокдорони Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои шиносоӣ бо иқтидори обию энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат хатсайрҳо ташкил карда шуд.

Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанбе аз неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», минтақаи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, Сафеддара ва шаҳри Душанбе боздид намуда, бо иқтидори обию энергетикии Тоҷикистон шинос шуданд. Онҳо инчунин манзараҳои табиати зебою нотакрор ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатамонро тамошо намуданд.

Воқеан, меҳмонон раҳораҳ бо шавқу шодӣ манзараҳои Тоҷикистон, хусусан шаҳри Душанберо тамошо карда, мафтуни табиати нотакрори мо гардиданашонро баён намуданд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»