Оид ба ошкорнамоии муомилоти ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва дигар маводи радиоактивӣ даври омӯзишӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври байналмилалии омӯзишии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБНА) барои кормандони хати аввали назорат дар мавзуи «Усулҳои ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва дигар маводи радиоактивӣ» идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, даври омӯзишӣ то 29 май идома ёфта, аз ҷониби АБНА дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ташкил шудааст.
Ҳадафи асосии даври омӯзишӣ баланд бардоштани малакаҳои амалии кормандоне мебошад, ки дар хати аввали назорат фаъолият намуда, дар самти ошкорсозӣ, арзёбӣ ва вокуниши аввал ба ҳолатҳои эҳтимолии интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва дигар маводи радиоактивӣ масъулият доранд. Баргузории он дар заминаи таҳкими низоми миллии амнияти ҳастаӣ, рушди ҳамкории байниидоравӣ ва баланд бардоштани омодагии мақомоти соҳавӣ барои сари вақт муайян намудани таҳдидҳои радиатсионӣ аҳаммияти махсус дорад.
Барнома аз машғулияти назариявӣ ва амалӣ иборат буда, давоми панҷ рӯз иштирокчиён асосҳои амнияти радиатсионӣ, намудҳои маводеро, ки кормандони хати аввали назорат метавонанд бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар соҳаи амнияти ҳастаӣ, технологияҳои ошкорсозии радиатсионӣ, усулҳои арзёбии сигналҳои ҳушдор, тартиби гузаронидани бозрасии такрорӣ, амалҳо ҳангоми вокуниши аввалин, инчунин нишонаҳои ҳолатҳои шубҳанокро, ки метавонанд ба муомилоти ғайриқонунии маводи радиоактивӣ алоқаманд бошанд, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Дар даври омӯзишӣ муаррифии таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои аъзо, аз ҷумла таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии ҳолатҳои амалӣ вобаста ба ошкор намудани маводи радиоактивӣ дар сарҳад ва нуқтаҳои назорат пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон ба барнома машғулият оид ба истифодаи таҷҳизоти сайёри ошкорсозии радиатсионӣ, мониторҳои порталии радиатсионӣ ва дигар воситаҳои техникӣ, ки ҳангоми назорати аввалин истифода мешаванд, ворид карда шудаанд.
Интизор меравад, ки иштирокчиён сатҳи омодагии касбияшонро барои ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ баланд бардошта, малакаҳои истифодаи воситаҳои техникии назорати радиатсионӣ ва донишҳои амалии заруриро барои вокуниши самаранок ба ҳолатҳои эҳтимолии радиатсионӣ такмил диҳанд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд






