Олимони тоҷик нахустин маротиба тавозуни массаи зимистонаи пиряхҳоро дар Помир таҳқиқ карданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 15 май дар Тоҷикистон нахустин экспедитсияи мукаммали илмӣ-саҳроӣ оид ба арзёбии тавозуни массаи зимистонаи пиряхҳои Помир дар пиряхи №457-и ҳавзаи дарёи Ғунд муваффақона анҷом дода шуд. Экспедитсия аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии ҷомеаҳои кӯҳистони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хабар доданд, баргузории ин экспедитсия дар доираи татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ва Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» амалӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин муайянкунии мустақими саҳроии тавозуни массаи зимистонаи пиряхҳо дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таърихи омӯзиши пиряхҳои баландкӯҳи Помир ба ҳисоб меравад. То имрӯз мониторинги пиряхҳо дар минтақа асосан бо мушоҳидаи динамикаи умумии пиряхҳо, равандҳои обшавӣ дар мавсими тобистон ва истифодаи усулҳои фосилавӣ маҳдуд мешуд. Аммо ченкуниҳои мустақими ҷамъшавии массаи барфу ях дар мавсими зимистон қаблан дар шароити саҳроӣ анҷом наёфта буданд. Аз ин лиҳоз, ин экспедитсия марҳилаи нави илмӣ ва методологиро дар рушди таҳқиқоти глятсиологӣ дар мамлакат оғоз менамояд.
Ҳадафи асосии экспедитсия муайян намудани захираҳои мавсимии барф, таҳлили сохтори физикӣ ва зичии он, арзёбии ҳаҷми умумии захираҳои барфӣ, инчунин ҳисоб намудани тавозуни массаи зимистонаи пирях мебошад.
Ба иттилои мутахассисон, ин нишондиҳанда барои омӯзиши равандҳои ҷамъшавӣ, ғизогирӣ ва обшавии пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ таҳқиқоти мукаммал, аз ҷумла кандани шурфҳои барфӣ дар минтақаҳои гуногуни баландии пирях, чен намудани ғафсии қабати барф, муайян кардани зичии барф ва таҳлили тақсимоти фазоии захираҳои барфӣ дар сатҳи пирях анҷом дода шуданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои бадастомада барои ташаккули низоми дарозмуддати мониторинги пиряхҳо, такмили пойгоҳи миллии маълумотии криосферӣ ва баланд бардоштани саҳеҳияти пешгӯии тағйирёбии захираҳои обӣ аҳамияти калон доранд.
Мутахассисон мегӯянд, ки пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии захираҳои обии минтақа аҳамияти стратегӣ дошта, омӯзиши мунтазами онҳо барои таъмини амнияти экологӣ, энергетикӣ ва гидрологии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Гузаронидани экспедитсия дастоварди муҳими илмӣ ва методологӣ буда, барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти криосферӣ, такмили низоми мониторинг ва таҳкими иқтидори илмии Тоҷикистон дар самти омӯзиши пиряхҳо заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: Муассисаи давлатии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






