Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд.
Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷуён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар дар бораи дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ, ки толибилмони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ба таҳсил фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии мардумони Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз аз замони “Роҳи бузурги абрешим” идома доранд. Дар ин хусус, нигораҳои хаттии қадимаи суғдӣ, ки ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои девори бузурги Чин кашф шуда буданд, маълумоти арзишманд медиҳанд.
Гуфта шуд, ки ин дарёфтҳои таърихиро доираҳои илмиву академӣ бо унвони “Номаҳои куҳна” мешиносанд. Дар ду кишвар, аз ҳар ҷое, ки “Роҳи абрешим” мегузашт, нишонаҳои додугирифти фарҳангии тоҷикон ва чиниҳо боқӣ мондаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бар пояи усули хоси “дарҳои кушода” сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, бемайлон пеш мебарем.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ барпо намудааст, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд. Онҳо фарогири ҳамкории мустаҳками сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, аҳаммияти хосаи илму маърифатро дар шароити муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои илму маориф ва рушди нерӯи инсонӣ, бо дарназардошти нишондиҳандаҳои таркиби аҳолии кишвар аз рӯйи синну сол, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати мо муайян гардидаанд.
Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо, ҳамчунин, дар бораи робитаҳои байналмилалии илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ андешаронӣ карда, саҳми онҳоро дар қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни мардумон муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар ин раванд мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чини дӯст дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар медонем.
Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ҳоло дар ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд, аз ин шумора наздики шаш ҳазор нафар дар Чин бо таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд. Дар ин зимн таваҷҷуҳи афзоишёбандаи ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Чин, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таъкид карда шуд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон, ҳамчунин, ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад. Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд. Изҳор карда шуд, ки дар ҳошияи сафари кунунӣ миёни мақомоти соҳавии ду кишвар санади дахлдор оид ба таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ҳамчунин, метавонанд тавассути роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ дар бахшҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ мазмуну муҳтавои нав пайдо намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҷума ва нашри осори илмиву фарҳангӣ ҳамчун воситаи дигари муҳимми наздиксозии мурдумон ибрози андеша намуда, аз ҷумла ба забони чинӣ тарҷума шудани асари донишманди бузурги тоҷик-академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна”-ро намунаи барҷастаи он маънидод карданд.
Омӯзиши сарчашмаҳои бостонии чинӣ оид ба таърихи тоҷикон самти дигари ҳамкории муфиди олимони ду давлат номида шуда, таъкид гардид, ки чунин иқдомоти илмӣ имкон медиҳанд, ки пайвандҳои деринаи маънавию зеҳнии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои муосир ғанӣ гардад.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои тарбияи насли нави мутахассисони рақобатпазир дар шароити замони муосир пояҳои устувор фароҳам месозад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ан Сяомэн, рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Чин нашр шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд






