Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шуд.
«Мо рушди минбаъдаи шарикии худро бо САҲА муҳим мешуморем», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори Созмон — ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «мо кӯшиш мекунем то барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишаванда ба ниёзҳои воқеии мардуми мо ҷавобгӯ бошанд».
Фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадот хуб арзёбӣ гардид.
Дар ченаки низомӣ-сиёсӣ идомаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, такмили расмиёти гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот ҳамчун аз авлавиятҳо номида шуданд.
Ҳамчунин ба шумора ва сифати барномаҳо ва лоиҳаҳои Созмон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва экологӣ, аз ҷумла обу иқлим, иқтисоди “сабз”, бахусус энергияи “сабз” ва технологияҳои рақамӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба омодагӣ ба ду конфронси байналмилалӣ — оид ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва мубориза бо терроризм ва маблағгузории он — ки мутаносибан дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ню Йорк баргузор мешаванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Густариши ҳамкорӣ дар ченаки инсонӣ бо назардошти афзалиятҳои миллии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Дар ин замина, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма гуфтугӯ сурат гирифт.
Мубодилаи муфассали афкор, инчунин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷараён гирифт.
Дар ин робита, сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар бораи аҳамияти истифодаи воситаҳои осоишта барои ҳалли ҳама гуна низоъҳо таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо музокирот ва дипломатияро ягона воситаи муассири таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ медонем».
Дар хотима, ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба идома ва тақвияти ҳамкории созанда таъкид намуданд.









Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд






