Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд

Май 9, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф оварданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.

Қабл аз иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии боғи Ғалабаро, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ шудааст, аз нав ба истифода доданд.

Баъди боздид аз осорхонаи боғи Ғалаба ва шиносоӣ бо намунаҳои қаҳрамонию фидокориҳои фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии пурра, ки бо сифати баланд иҷро шудааст, баҳои баланд дода, ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иҷрокунандагони кор арзи сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои идомаи корҳои навсозӣ дар боғи Ғалаба дастуру тавсияҳои иловагӣ доданд.

Дар ин рӯз майдони баргузории гулчанбаргузорӣ идона оро ёфта, ҳайати шахсии оркестри ҳарбӣ ва иштирокдорони маросим саф кашида буданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар он ҷанги пурдаҳшат ҷон нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони мардуми тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равони шаҳидони Ватани азизи моро шод намуданд.

Дар ин рӯз, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ аз Маҷлиси Олӣ ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд.

Ҳамчунин, аз Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбарҳо гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки боғи Ғалаба дар теппаҳои қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе воқеъ буда, яке аз муҳимтарин маҷмааҳои ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Боғ ҳамчун рамзи эҳтиром ба қаҳрамонӣ ва фидокории мардум дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майи соли 1975 ба муносибати 30-солагии Ғалаба ба истифода дода шудааст.

Дар маркази маҷмааи ёдгорӣ «Оташи абадӣ» фурӯзон аст, ки дар назди он ҳамасола ба хотири пос доштани хотираи қурбониёни ҷанг маросими гулгузорӣ сурат мегирад.
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81 - солагии Рӯзи ғалаба 09.09.2026

Май 9, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд