РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст

Май 7, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Раванди оби Душанбе барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва пешсаф дар рӯзномаи глобалии об тақвият бахшида, бо роҳбарии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун ташаббускори масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ, балки ҳамчун «пули муколама» дар байни кишварҳои ҷаҳон нақш бозад. Дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода узви Котиботи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Рустам Абдуллоев ҷараёни омодагиҳо ба ҳамоиши мазкурро шарҳ дод.

АМИТ «Ховар»: Нахуст доир ба аҳамияти баргузории Конфронси чоруми оби Душанбе дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо изҳори назар менамудед. 

Рустам Абдуллоев: Конфронси чоруми оби Душанбе дар замоне баргузор мешавад, ки тағйирёбии иқлим боиси тез шудани обшавии пиряхҳо ва ноустувории дарозмуддати захираҳои об гардидааст. Дар чунин шароит ин конфронс аҳамияти хосса дорад, зеро масъалаҳои амнияти об, ҳифзи пиряхҳо, таъсири иқлим ба захираҳои об ва мутобиқшавии кишварҳо дар сатҳи олӣ ва дар доираи платформаи фарогир муҳокима карда мешаванд.

Аз як ҷониб Конфронси чоруми оби Душанбе ба ҷомеаи байналмилалӣ имконият медиҳад, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон – аз «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» то Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро ба амалҳои мушаххас табдил дода, барои ҳифзи манбаъҳои оби тоза уҳдадориҳои нав қабул намояд.

Аз ҷониби дигар, он ҳамчун маркази ҳамоҳангсоз барои таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва бахши хусусӣ амал карда, дипломатияи обро ба абзори муҳими вокуниши муштарак ба буҳрони иқлимӣ табдил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Баргузории чунин ҳамоиш дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускори масоили обу иқлим чӣ нақш дошта метавонад?  

Рустам Абдуллоев: Дар шароити муосир, ки масъалаҳо доир ба об, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим ба яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувор табдил ёфтаанд, нақши фаъоли давлатҳо дар ташаккули низоми глобалии обу иқлим аҳамияти хосса касб мекунад. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба зарурати андешидани тадбирҳои фарогир, ҳамоҳангшуда ва бо иродаи қавии сиёсӣ такякунанда бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Дар ин замина пеш аз арзёбии нақши ҳамоишҳои байналмилалӣ дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор бояд ба талошҳои пайгиронаи мамлакат дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим назар афканем. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 аз соли 2018 инҷониб пайваста платформаи байналмилалиро барои муколамаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкорӣ ва таҳияи қарорҳои амалӣ ташаккул медиҳад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, ба фаъолияти ҷаҳонӣ дар соҳаи об такони ҷиддӣ бахшид. Қатъномаҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи ин даҳсола аҳамияти калидии обро дар рушди устувор боз ҳам тақвият дода, масъалаҳои вобаста ба обро ба рӯзномаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуданд.

Баррасии миёнамуҳлати Даҳсола барои баргузор гардидани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерландия соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк ва қабул гардидани Рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об, ки дар ин замина зиёда аз 840 уҳдадории ихтиёрӣ ба қайд гирифта шуд, ба он замина гузошт. Натиҷаи дигари ин конфронс қабули қарор оид ба баргузории конфронсҳои навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар солҳои 2026 ва 2028 ва таҳияи Стратегияи фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва санитария ба шумор меравад.

Дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.

Маҳз тавассути чунин ҳамоишҳо масъалаҳои идоракунии захираҳои об аз доираи маҳдуди тахассусӣ берун баромада, ба сатҳи глобалӣ бардошта шуданд.  Ин раванд нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускори муколамаҳо дар масъалаҳои калидии рушди устувор ба таври назаррас тақвият мебахшад. Ташкил ва баргузор намудани конфронсҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси чоруми Раванди оби Душанбе барои густариши ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои обу иқлим замина фароҳам оварда, иштироки фаъоли кишварро дар равандҳои муҳими глобалӣ нишон дода, ба таҳкими обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, метавон бо итминон изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати пайгирона ва ташаббусҳои созандаи худ дар соҳаи обу иқлим ба яке аз кишварҳои пешоҳанг ва ташаббускори муҳими сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дастовард, пеш аз ҳама, натиҷаи талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими насли имрӯз ва оянда ҳифз ва таҳкими ин мақому манзалати баланд дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Барномаи Конфронси чоруми оби Душанбе аз кадом бахшҳо иборат хоҳад буд?  

Рустам Абдуллоев: Тибқи сохтори барнома, дар рӯзи якуми Конфронси оби Душанбе маъракаҳои пешазконфронсии чорабинии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамзамон баргузории форумҳои дахлдор ва чорабиниҳои канорӣ, ки барои ҷалби шарикони байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти муколамаи васеъ фароҳам меоранд, ба нақша гирифта шудаанд.

Шоми рӯзи чорабиниҳои пешазконфронсӣ барномаи фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд, ки ба густариши муколамаҳои ғайрирасмӣ ва муаррифии мероси ғании фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар рӯзи дуюм ифтитоҳи расмии конфронс бо иштироки намояндагони сатҳи олӣ, баргузории ҷаласаи якуми пленарӣ ва иҷлосияҳои мавзуӣ пешбинӣ шудаанд. Ҷаласаи пленарӣ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Рӯзномаи амали об ва пайвастагии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ба равандҳои конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2026 ва 2028 равона шудааст.

Ҳамзамон ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии конфронс дар назар аст. Иҷлосияҳои мавзуӣ, ки мутобиқи санади консептуалӣ комилан бо мутобиқат ба муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 таҳия гардидаанд, ба мавзуъҳои зерин бахшида шудаанд:

— Об барои инсон

— Об барои шукуфоӣ

— Об барои сайёра

— Об барои ҳамкорӣ

— Об дар равандҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ, аз ҷумла Раванди оби Душанбе

— Сармоягузорӣ барои об.

Рӯзи сеюми Конфронси оби Душанбе аз қисми дуюми ҷаласаи пленарӣ ва 3 ҷаласаи мавзуӣ иборат аст, ки ба машваратҳои ғайрирасмӣ барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Тоҷикистон ва Нақши рӯзномаи об баъд аз Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор бахшида шудаанд.

Конфронси оби Душанбе бо ҷаласаи хотимавӣ, ки зимни он қабули Эъломия аз натиҷаи чорабинӣ пешбинӣ шудааст, анҷом ёфта, баъд аз он баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ба нақша гирифта шудааст.

Ниҳоят, чун анъана рӯзи чоруми Конфронси оби Душанбе ба ташвиқу тарғиби имконияти сайёҳӣ ва сармоягузории мамлакат бахшида шудааст. Дар ин рӯз ташкили хатсайрҳо ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумла сафарҳои омӯзишӣ оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об, инфрасохтори об ва механизмҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе асосан кадом масъалаҳо қарор мегиранд?
Рустам Абдуллоев:
Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе, пеш аз ҳама, чанд самти калидӣ қарор мегирад:

— мудирияти устувори захираҳои об;

— таъмин намудани дастрасии бехатар ба об ва санитария, ки бо ҳадафи 6-уми рушди устувор иртиботи бевосита дорад;

— таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба амнияти об, энергетика, кишоварзӣ ва хатарҳои селу ярч, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ;

— тақвияти ҳамкорӣ ва дипломатияи об: истифодаи «Раванди оби Душанбе» барои ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳо пеш аз Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид- 2026 ва ташаккули шарикӣ;

— уҳдадориҳои нав ва лоиҳаҳои муштарак дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об (Water Action Agenda);

— ҷалби бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон ва занон ба ҳалли мушкилоти об, аз ҷумла тавассути форумҳои махсус, ки ба сармоягузорӣ, инноватсия ва ҳалли иҷтимоию экологӣ бахшида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? То имрӯз чанд намояндаи воситаҳои ахбори омма сабти ном шудааст?

 Рустам Абдуллоев: Дар айни замон раванди бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ дар сатҳи фаъол қарор дорад ва он бо назардошти ҳузури васеи расонаҳо идома меёбад. То имрӯз зиёда аз 200 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ барои инъикоси кори Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» худро сабти ном кардаанд.

АМИТ «Ховар»: Конфронси чоруми оби Душанбе бо такя ба дастовардҳои конфронсҳои қаблии оби Душанбе (солҳои 2018, 2022 ва 2024) чӣ ҳадафи тоза дорад? 

Рустам Абдуллоев: Ҳадафи асосии Конфронси чоруми оби Душанбе, пеш аз ҳама, нигоҳ доштан ва таҳкими суръати мусбати ташаккулёфта дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки махсусан баъди Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ба вуҷуд омад. Конфронс кӯшиш менамояд ин равандро идома дода, татбиқи амалии Рӯзномаи ҷаҳонии амалҳо дар соҳаи обро боз ҳам тақвият бахшад.

Ҳадафи дигар- ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус Ҳадафи 6-ум — таъмини дастрасӣ ба об ва санитария барои ҳама мебошад. Дар ин замина конфронс ҳамчун платформаи муҳими сиёсӣ ва амалигардонӣ хизмат намуда, ба муттаҳид сохтани талошҳои кишварҳо ва шарикони рушд ба хотири расидан ба натиҷаҳои мушаххас мусоидат мекунад. Конфронс марҳилаи омодагӣ ба Конфронси навбатии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 мебошад. Он имконият фароҳам меорад, ки давлатҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар як платформа муттаҳид намуда, афзалият, масъалаҳои калидӣ ва роҳҳои ҳалли амалӣ пешакӣ баррасӣ ва мувофиқа карда шаванд, то дар сатҳи ҷаҳонӣ қарорҳои самаранок қабул гарданд.

Илова бар ин, конфронс ба пешниҳоди роҳҳои ҳалли инноватсионӣ ва миқёспазир дар соҳаи идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ равона гардидааст. Ҳадафи дигари стратегии конфронс оғоз бахшидан ба мубоҳисаҳо оид ба дурнамои минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028 ва ташаккули рӯзномаи баъд аз соли 2030 дар соҳаи об мебошад.

Дар маҷмуъ, Конфронси чоруми оби Душанбе бо такя ба таҷриба ва дастовардҳои конфронсҳои қаблӣ ҳадаф дорад, ки пешбурди амалии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обро таъмин намуда, ҳамкории глобалиро тақвият бахшад, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи амал ва Рӯзномаи рушди устуворро суръат бахшида, заминаи устуворро барои баррасии масъалаҳои об дар марҳилаи баъд аз соли 2030 фароҳам оварад.

АМИТ «Ховар»: Дар маҷмуъ, дар Конфронси оби Душанбе иштироки чанд нафар ва чанд давлат пешгӯӣ мешавад?  

Рустам Абдуллоев: Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар Душанбе ҳузури бештар аз 2500 иштирокчӣ аз зиёда аз 100 давлат пешбинӣ шудааст. Ин ҳамоиш сарони давлату ҳукуматҳо, вазирон ва дигар намояндагони сатҳи роҳбарият, инчунин сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусиро ҷамъ меорад.

АМИТ «Ховар»: Чорабиниҳои фарҳангии конфронс аз кадом бахшҳо иборат хоҳанд буд? 

 Рустам Абдуллоев: Дар доираи Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи об (26 майи соли 2026) барномаи фарҳангии «Об — сарчашмаи ҳаёти башар» баргузор мегардад. Мавзуи об ва эҳтирому муқаддас доштани ин неъмати бебаҳои табиат дар фарҳанги куҳанбунёди мо мавқеи хосса ва муҳимро ишғол менамояд.

Бо назардошти ин, барномаи мазкур вобаста ба мавзуъ ва муҳтавои чорабинӣ тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллӣ, намунаи обҳои ташнагишикани истеҳсоли ватанӣ, интихоби суруду оҳангҳо ва рақсҳо бо назардошти фарогирии суннату анъанаҳои ҳама минтақаҳои мамлакат, сурудҳо бо забонҳои англисӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ ва русӣ таҳия гардида, дар он якчанд арзишҳо ифода меёбанд:

— таҷассуми бадеии барнома бо расму оинҳои фолклорӣ – этнографӣ ва мусиқиву таронаҳои мардумию касбӣ бо мақсади нишон додани арзишҳои тамаддуни бостонии халқи тоҷик ва пайванди маънавии гузаштаву имрӯза;

— барнома ифодагари ҳадафҳои башарият буда, ба хотири истифодаи самараноки манбаъҳои оби тоза ҳамчун сарчашмаи ҳаёт барои наслҳои имрӯзу фардо таҳия гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Оё иштирокчиён-меҳмонони Конфронси чоруми оби Душанбе гӯшаҳои сайёҳии мамлакатро тамошо мекунанд? 

Рустам Абдуллоев: Бале, иштирокчиён– меҳмони Конфронси чоруми байналмилалии оби Душанбе имкон доранд, ки гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистонро тамошо намоянд. Конфронсҳои Раванди оби Душанбе на танҳо ба баррасии масъалаҳои мубрами захираҳои об, балки ба шинос кардани иштирокчиён бо мероси фарҳангӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ равона карда шудаанд.

Тибқи анъанаи муқарраршуда, дар рӯзи охирини чорабинӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмонон – иштирокчиёни Конфронси чоруми оби Душанбе ба мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии мамлакат сафар ташкил менамояд. Дар доираи конфронси навбатӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст, аз ҷумла:

— сайругашт дар шаҳри Душанбе;

— сайругашт дар дараи Ромит;

— сайругашт дар дараи Сиёма;

— боздид аз Неругоҳи барқи обии «Норак»;

— боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун»;

— боздид аз Пойгоҳи варзишии лижаронии «Сафеддара»;

— боздид аз Қалъаи Ҳисор.

Котиботи Конфронси чоруми оби Душанбе аллакай ҳама маълумоти заруриро дар бораи ҳар хатсайр, инчунин аксҳо аз мавзеъҳои мазкур дар торнамои конфронс ҷойгир намудааст, то иштирокчиён дилхоҳ хатсайрро интихоб карда, барои иштирок дар он номашонро  сабт кунанд. Ин чорабиниҳои фарҳангӣ-сайёҳӣ ба меҳмонон имкон медиҳанд, ки гуногунии табиат ва анъанаҳои Тоҷикистонро воқеан эҳсос карда, маконҳои зебои ҷумҳуриро тамошо кунанд.

АМИТ «Ховар»: Шумо аз Конфронси чоруми оби Душанбе чӣ интизориҳо доред?
Рустам Абдуллоев: Интизориҳо, пеш аз ҳама, ба он марбутанд, ки Конфронси оби Душанбе на танҳо ҳамоиши рамзӣ, балки нуқтаи воқеии тақвияти иродаи сиёсӣ ва тавсеаи иқдоми амалӣ дар соҳаи об гардад. Мехоҳем натиҷаҳои ниҳоӣ на фақат дар санадҳо, балки дар уҳдадориҳои мушаххас, шарикиҳои нави амалӣ ва лоиҳаҳои муштараке, ки ба зиндагии аҳолии сайёра таъсири мустақим мерасонанд, инъикос ёбанд.

Дуюм, интизор меравад, ки тавассути ин конфронс садои Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешсаф дар дипломатияи об боз ҳам баландтар гардад ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим дастгирии васеи байналмилалӣ пайдо кунанд. Барои мо муҳим аст, ки Раванди оби Душанбе ҳамчун пули боэътимоди муколама байни кишварҳо, ташкилоти байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ устувор гардад.

Сеюм, умед дорем, ки конфронс ба суръатбахшии татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об ва Ҳадафи 6-уми Рушди устувор мусоидат карда, барои ҷалби сармоягузории бештар ба инфрасохтори об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи воқеӣ фароҳам оварад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Риёз нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи обрасонӣ ва санитария таваҷҷуҳи махсус дода мешавад
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»