Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд

Май 3, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи сафари хизматӣ ба  Италия осорхонаҳои Капитолиниро дар Рим тамошо намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки осорхонаҳои Капитолинӣ  аз қадимтарин муассисаҳои осорхонавии ҷаҳон буда, соли 1471,  замоне ки Папа Сиксти IV гурӯҳи муҷассамаҳои биринҷии қадимиро ба «мардуми Рим» эҳдо намуд, таъсис ёфтаанд. Ин рӯйдод ҳамчун оғози яке аз нахустин осорхонаҳои оммавии ҷаҳон арзёбӣ мегардад. Маҷмуаи осорхонаҳои Капитолинӣ дар ду бино — Қасри Консерваторон ва Қасри Нав ҷойгир буда, ҳарду дар якҷоягӣ бо Қасри сенаторон майдони машҳури Капитолийро иҳота менамоянд. Ин биноҳо тавассути галереяи зеризаминӣ бо ҳам пайваст гардида, дар он бахши Лапидарий ҷойгир мебошад.

Ҳайати Осорхонаи миллӣ толорҳои гуногуни экспозитсионӣ ва бахшҳои асосии осорхонаро тамошо намуда, бо намунаҳои барҷастаи фарҳанг ва тамаддуни Рими қадим шинос гардид. Нигораҳои ин муассисаи маъруф таърихи сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии яке аз бузургтарин давлатҳои ҷаҳонро инъикос менамоянд.

Таваҷҷуҳи махсуси ҳайатро муҷассамаи машҳури «Гурги Капитолинӣ» ҷалб намуд, ки яке аз рамзҳои асосии шаҳри Рим ва мероси фарҳангии ҷаҳонӣ мебошад. Ин муҷассама саҳнаи маъруфи афсонавии шир додани Ромул ва Рем — асосгузорони шаҳри Римро таҷассум менамояд. Асари мазкур на танҳо арзиши баланди бадеӣ дорад, балки ҳамчун рамзи ташаккули давлатдорӣ ва ҳувияти таърихии мардуми Рим шинохта мешавад. Тасвири шабеҳи ин рамзи маъруф дар деворнигораҳои бостонии Бунҷикат дар Тоҷикистон  низ дарёфт гардидааст. Ин далели ҷолиб аз робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва таъсири мутақобили тамаддунҳои қадим шаҳодат медиҳад. Мавҷудияти чунин унсурҳои муштарак бозгӯи он аст, ки арзишҳои фарҳангии халқҳои гуногун дар ҷараёни таърих ба ҳам омехта, заминаи ташаккули фарҳанги маъруфи эллинӣ ва муҳити ягонаи фарҳангии минтақаҳои васеъро фароҳам овардаанд.

Дар Қасри Нав коллексияҳои нодири ҳайкалтарошии антиқӣ, аз ҷумла муҷассамаҳои файласуфон ва императорони Рим, асарҳои маъруфи «Галли дар ҳоли марг», «Венераи Капитолинӣ» ва дигар намунаҳои нодир нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Дар Қасри Консерваторон муҷассамаҳои қадимаи биринҷӣ, деворнигораҳои бошукуҳ бахшида ба таърихи Рим, инчунин асарҳои барҷастаи асри XVII ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин дар толори шишагини осорхона муҷассамаи аспсавори Марк Аврелий ва боқимондаҳои маъбади Юпитери Капитолинӣ ҷойгир буда, дар Пинакотека асарҳои рассомони маъруф, аз ҷумла Караваджо, Гвидо Рени, Пйетро да Кортона ва Гверчино муаррифӣ мегарданд. Дар маҷмааи Каффарелли-Клементино осорхонаи медалҳо фаъолият дошта, дар он тангаҳо, медалҳо, ҷавоҳирот ва дигар ёдгориҳои нодир нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Кормандони Осорхонаи миллӣ зимни тамошо бо усулҳои муосири пешниҳоди экспозитсияҳо, тарзи нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва барномаҳои маърифатии осорхона шинос гардиданд.

Ин боздид барои мутахассисони Осорхонаи миллӣ ба хотири омӯзиши таҷрибаи пешқадами осорхонадорӣ, такмили усулҳои ташкил ва пешниҳоди намоишгоҳҳо, инчунин ташкили лоиҳаҳои нави фарҳангӣ аҳамияти амалӣ дошта, ба  табодули таҷриба барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди иқтидори касбии соҳаи осорхонадорӣ мусоидат менамояд.

  АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 3, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид