Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 май мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Фаронса, аз ҷумла бо муовини дабири кулли Гурӯҳи байниидоравӣ оид ба ҳифзи занон аз зӯроварӣ ва мубориза бар зидди қочоқи инсон (MIPROF) хонум Клэр Мантел, бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии Осиёи Марказии Маҷлиси миллии Фаронса Катрин Эрвё ва бо сафири Фаронса оид ба ҳуқуқи инсон Изабел Ром баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, зимни вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, мубориза бо қочоқи инсон ва таҳкими баробарии гендериро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, густариши муколама байни мақомоти қонунгузор ва рушди робитаҳои гурӯҳҳои дӯстии ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти табодули таҷриба дар самти сиёсати ҳуқуқи инсон, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалиро таъкид карда, зарурати идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва платформаҳои бисёрҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






