Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд

Май 4, 2026 17:34

ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи бомароми сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши роҳбарони масъулро доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб шунида, барои бартараф намудани мушкилу камбудиҳои мавҷуда дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Май 4, 2026 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд