35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 13.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар Озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар вилояти Хатлон» дар номинатсияи «Ҷамоати деҳоти беҳтарин» сазовори ҷойи дуюм гардид. Чандин сол аст, ки пайи ҳам ин ҷамоат дар ин озмун ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф мегардад. Айни замон дар ҷамоати мазкур корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром идома доранд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт даҳҳо биноҳои маъмурию маданӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷамоат бинои истиқоматии 8-ошёна бо ҷойгиркунии бахши Маркази ташхисию табобатии «Мадади Акбар» мавриди истифода қарор дода шуд.
Марказ дорои ташхисгоҳ бо ҳуҷраи ултрасадоӣ, озмоишгоҳ бо лавозимоти корӣ буда, ҳамчунин бахши ёрирасонӣ бо ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, варзишӣ ва маҳсдармонӣ таъмин гардидааст. Дар Марказ барои ташхису табобати чашм, гӯш, гулӯву бинӣ, дандон, дил ва асаб шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Марказ дорои ҳуҷраи ҷарроҳӣ буда, имконият аст, ки амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ дар ҳамин ҷо гузаронида шавад. Ҳамчунин дар марказ ҳуҷраҳои алоҳида барои машварат ба ниёзмандон ва хатнаи кӯдакон сохта шудааст.
Дар иншоот 45 нафар асосан сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Нафароне, ки аз минтақаҳои нисбатан дуртар ба кор меоянд, дар ошёнаҳои болоии бинои мазкур бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин кормандони Корхонаи дӯзандагии «Меҳри Модар» низ дар бинои 8-ошёна бо манзил таъмин гардида, боқимондаи хонаҳо барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод карда шудаанд. Дар маҷмӯъ бинои истиқоматӣ дорои 42 ҳуҷра буда, дар он барои истиқоматкунандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Бино дорои ҳуҷраҳои 1, 2 ва 3-хонагӣ буда, ҳамчунин бо лифт ва дигар иншооти ёрирасон таъмин мебошад. Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд шудааст.
Дар маркази деҳоти Кангурт ҳамчунин ба корҳои сохтмонии варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ бунёд гардидааст. варзишгоҳ бо дарназардошти талаботи имрӯза бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 40 садяк замин сохта шуда, баландиаш бо инобати сутунпоя 40 метрро ташкил медиҳад. Андозаи матои Парчам 14 ба 7 метр аст.
Ҳамчунин дар деҳаи Кангурти деҳоти Кангурт бинои хуштарҳу замонавии Кохи фарҳанг сохта шудааст. Бинои Кохи фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити фаъолият барои аҳли фарҳанг ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ фароҳам мебошад.
Айни замон дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёду навсозии роҳҳо, мактабу кӯдакистон, марказҳои тиббию хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома доранд. Сокинони ин ҷамоат талош доранд, ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифта, дар ободонии Ватан саҳми намоён гузоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
Дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид






