Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ Дилбар Одилзода оид ба аҳамияти Шуро дар таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт ибрози назар намуд.
Дар натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисоди шаҳр нақши муассир мегузорад.
Дар идомаи ҷаласа мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар пойтахт ҳисобот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вазъи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва марказҳои савдо, фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ, инчунин масъалаи омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва роҳбаладон муҳокима гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии шаҳри Душанбе ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе























Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






