Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид

Июнь 18, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки лоиҳа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ шуда, мақсад аз он рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба иттилооти муътамад дар бораи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия — 2025–2030» ба роҳ монда шудааст.

Иброз шуд, ки «QR-роҳнамо» идомаи мантиқии сиёсати давлатӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо буда, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии сайёҳон ва муаррифии бештари таъриху фарҳанги тоҷикон мусоидат менамояд. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, имконият фароҳам меорад, ки истифодабарандагон тавассути скан намудани QR-рамзҳо дар бораи 45 иншооти таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти муфассалро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли матнӣ ва аудиоӣ дастрас намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки дар марҳилаи минбаъдаи татбиқи лоиҳа илова намудани забонҳои чинӣ ва арабӣ низ дар назар дошта шудааст. Аломатҳои «QR-роҳнамо» аз санги мармар омода гардида, дар назди иншооти муҳими сайёҳии пойтахт насб шудаанд. Маълумоти марбут ба ҳар мавзеъ дар портали расмии сайёҳии шаҳри Душанбе — Dushanbe Travel ҷойгир гардида, аз ҷониби коршиносони соҳавӣ таҳия карда шудаанд.

«Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши талаботи сайёҳон ба дастрасии фаврӣ ба иттилоот, истифодаи роҳкорҳои инноватсионӣ ба яке аз талаботи асосии замон табдил ёфтааст. Имрӯз аксари сайёҳон маълумотро тавассути телефонҳои ҳушманд дастрас намуда, ба манбаъҳои рақамӣ афзалият медиҳанд. Аз ин рӯ, амалӣ намудани низоми «QR-роҳнамо» ба талаботи муосири бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ҷавобгӯ буда, қадами муҳим дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад», — изҳор намуд зимни муаррифӣ мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед.

Иттилоъ дода шуд, ки истифодаи QR-рамзҳо на танҳо дастрасии сайёҳонро ба иттилооти дақиқ, боэътимод ва чандзабона осон менамояд, балки зарурати насби лавҳаҳои бузурги иттилоотиро коҳиш дода, имкони мунтазам навсозӣ намудани маълумотро фароҳам меорад. Инчунин лоиҳа ба баланд гардидани фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамӣ, муосирсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва мутобиқ намудани хизматрасониҳои пойтахт ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.


«QR-роҳнамо» имрӯз танҳо як воситаи иттилоотӣ набуда, балки ҷузъи муҳими экосистемаи сайёҳии рақамӣ ба ҳисоб меравад. Татбиқи чунин ташаббусҳо ба баланд гардидани рақобатпазирии шаҳри Душанбе дар бозори байналмилалии сайёҳӣ, беҳтар шудани таҷрибаи саёҳати меҳмонон ва муаррифии самараноки таъриху фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Таҷрибаи истифодаи QR-роҳнамоҳо имрӯз дар бисёр шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон васеъ татбиқ гардида, ба яке аз унсурҳои муҳими шаҳрҳои ҳушманд (Smart City) табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, татбиқи ин лоиҳа дар Душанбе қадами муҳим дар роҳи ташаккули муҳити муосири сайёҳӣ ва рақамӣ арзёбӣ мегардад.

 

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июнь 18, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид